Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкори собиқаш президенти Қирғизистонро ба "порагирӣ" муттаҳам кард. Мухолифон истеъфои ӯро хостанд. ВИДЕО


Содир Ҷабборов моҳи январи имсол раиси ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шуд
Содир Ҷабборов моҳи январи имсол раиси ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шуд

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба "ришвагирӣ" муттаҳам мекунанд. Ҳамкори собиқи ӯ Мелис Аспеков иддао кард, ки раиси ҷумҳурӣ барои маблағгузории барномаи интихоботиаш аз президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков "бар ивази кафолати амнияти ӯ" 10 миллион доллар гирифтааст.

Ба иддаои Аспеков, Ҷабборов дар маъракаи интихоботӣ чанд дафъа ришва гирифта, ин пулҳоро дар таблиғоти худ истифода кард, аммо ситоди интихоботӣ маблағҳоро сабт накард.

Худи Аспеков, ки бо чунин изҳорот садо баланд кард, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Ӯро ба тамаъҷӯӣ гумонбар медонанд. Боздошти ӯ аввали имсол сурат гирифт.

Тафсилот дар бораи кору зиндагии президенти Қирғизистон

Мелис Аспеков гуфт, пеш аз боздошт шудан ҳамчун раҳбари ситоди интихоботии Содир Ҷабборов дар вилоти Чуй кор кардааст. Айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси бадани Аспеков нашр шуд, ки дар он доғҳои калони сиёҳ дида мешаванд. Вай ба дӯстонаш гуфтааст, ки ӯро дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шиканҷа мекунанд.

Вакили мудофеи президенти собиқ Сооронбой Ҷеенбеков иттиҳоми зидди зерҳимояи худро рад кардааст. Асилбек Қочқоров, вакили президенти собиқ, Аспековро дар талоши ба тарафи дигар бурдани ҳуши ҷомеа гунаҳкор кард.

Мелис Аспеков
Мелис Аспеков

Вале ҷонибдорони Мелис Аспеков барои тасдиқи ҳарфҳои худ баёнияҳои шаҳрвандонро бо изофаи нусхаҳои шиносномаҳои онҳо нашр карданд, ки гуё барои хароҷоти ситоди интихоботии Ҷабборов пул тақсим кардаанд.

Як қисми ин афрод воқеан ҳам ба ҳайси шахсони боварноки Содир Ҷабборов дар Кумитаи марказии интихобот сабтином шудаанд, вале дар дафтари президент Содир Ҷабборов бовар доранд, кори Аспеков ба хотири сиёҳ кардани раиси ҷумҳурист.

Галина Байтерек
Галина Байтерек

Галина Байтерек, сухангӯйи Содир Ҷабборов, гуфт: "Аспеков одат кардааст, ки изҳороти дурӯғину моҷаробарангез бидиҳад. Барои дурӯғ ва туҳмат бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Боис ба таассуф аст, ки баъзе аз ходимоне, ки худро сиёсатмадори ҷиддӣ меноманд, ин қиссаро гирифта, дар атрофаш баҳс меороянд ва бо ин кор президент Содир Ҷабборов ва ислоҳотеро, ки ӯ анҷом медиҳад, беобрӯ мекунанд."

Наворро дар ин ҷо бинед:

Ҳампаймони собиқ президенти Қирғизистонро ба ришваситонӣ муттаҳам кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Вале ба изҳороти Мелис Аспеков ҳизби оппозитсионии "Реформа" бовар кардааст. Намояндагони ин ҳизб гуфтанд, ки вакилони порлумон ҷараёни импичмент ё нобоварӣ ба президенти Қирғизистонро ба роҳ мемонанд, то ки додситони кул ҳамаи ин иттиҳомҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Клара Сооронқулова
Клара Сооронқулова

Клара Сооронқулова, раиси ҳизби "Реформа", мегӯяд, "аз Содир Ҷабборов интизори ин ҳарфҳо будам, ки мегӯяд, "бале, ба санҷиш омода ҳастам". Вале онҳо қарори дигар қабул карданд. Бале, Мелис Аспеков нафаре нест, ки ба ӯ пурра бовар кард, вале сандаҳое ҳаст ва мо ҳам хабар дорем, ки интихобот аз роҳҳои ғайрирасмӣ маблағгузорӣ мешаванд."

Ӯ афзуд, "айни чунин ҳолат дар давраи интихоботи Сооронбой Ҷеенбеков рух дода буд."

Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аксҳои Аспековро бо доғҳои сиёҳу кабуд дар баданаш ҳақиқӣ номиданд, вале ба гуфтаи онҳо гуё ин аксҳо ду моҳ пеш гирифта шудаанд. Дар КДАМ мегӯянд, чӣ гуна пайдо шудани ин доғҳо барои онҳо маълум нест.

Содир Ҷабборови 52-сола, ки қаблан бо гуноҳи одамрабоӣ дар зиндон буд, моҳи январи имсол раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ба дӯш гирифт. Ӯро моҳи октябри соли гузашта, дар авҷи беназмиҳо дар Бишкек, аз маҳбас раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG