Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ордени писарам кумак накард, омодаам онро ба мақомот баргардонам". ВИДЕО, САДО


Марямбӣ Назриева, сокини шаҳри Кӯлоб.
Марямбӣ Назриева, сокини шаҳри Кӯлоб.

Марямбӣ Назриева, сокини шаҳри Кӯлоб, шикоят дорад, ки мақомот имтиёзҳои ордени “Шараф”-и писараш Дилшод Сафаров​ро нодида мегиранд. Вай мегӯяд, писараш соли 1998 ба ҳайси сарбози Горди Миллӣ дар амалиёти ба зидди генерали ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 иштирок карда ва кушта шуд. Мақомоти ҳукумати Кӯлоб гуфтанд, талош мекунанд, соҳибкоре ёбанд, ки хонаи Назриеваро пурра аз нав созад. ​

Назриеваи 70-сола мегӯяд, дастикам 20 сол боз нома ва ордени "Шараф"-и писараш дар даст пушти дари мақомоти расмӣ мегардад. Вай аз мақомот мехоҳад, барои супурдани пули хадамоти коммуналӣ ва сохтмони хонаи нимвайронааш кумак кунанд.

Як намояндаи ҳукумати Кӯлоб тасдиқ кард, ки аз мушкили Майрамӣ Назриева огоҳанд ва барои ҳалли он талош доранд. Ҳамсуҳбати мо бе бурдани номаш гуфт, “бо тунука як гӯшаи боми хонаашро пӯшондем. Боз ёрӣ мекунем.”

Аммо Марйамбӣ Назриева мегӯяд, ин кор тирамоҳи имсол ва пеш аз сафари президент ба Кӯлоб сурат гирифт, “аммо ваъдаи идомаи таъмири манзил дубора ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт”.

Манзили ин хонавода чанд сол пеш дар натиҷаи омадани сел нимавайрон шуд ва кумакхоҳии ин зан аз мақомот барои таъмири хонааш аз ҳамон вақт оғоз шуд. Марямбӣ Назриева мегӯяд, моҳҳо вақти худро бо даводав дар ниҳодҳои маҳаллӣ сипарӣ кард, аммо ба ҷуз ваъда чизе ба даст наовард.

Шикояти модари сарбозони фавтида
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Як писари дигари Марямбӣ низ дар ҳамон ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев ҷароҳати вазнин бардошта, пас аз табобати тӯлонӣ соли 2014 фавтидааст. Ӯ ҳоло бо писараш Толибҷон Сафаров зиндагӣ дорад, ки ба гуфтаи ӯ “бемор аст ва дар ҷое кор намекунад”.

Толибҷон Сафаров, писари Майрамбӣ Назриева мегӯяд, медалҳо аз тарафи президент барои хизматҳои шоистаи бародараш тақдим шуд ва ба онҳо гуфта буданд, ки ордени "Шараф" имтиёзҳо дорад. Ба гуфтаи Толибҷон Сафаров, борҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ё барои пардохтҳои коммуналӣ ба ҳукумат муроҷиат карданд, аммо дархостҳои онҳоро сарфи назар шуд.

Марямбӣ Назриева мегӯяд, дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳамеша ба ӯ ин суханҳоро мегӯянд, ки “ҳукумат камбағал аст, аз куҷо ба ту ёрӣ мекунад, аз куҷо хонаву даратро таъмир мекунад.”

“300 сомонӣ нафақа мегирам ва он ба як халта орд ва пардохтҳои барқу об базӯр мерасад,” -- гуфт ӯ.

Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки ҳоло имкони таъмири манзили Марямбӣ Назриеваро надоранд ва талош мекунанд, ки соҳибкоре пайдо кунанд, то манзили ӯро пурра аз нав созад.

Марямбӣ Назриева мегӯяд, мукофоти баланди фарзандаш тӯли 20 сол ҳеч кумак накард ва агар чунин аст, пас, омодааст онро ба мақомот баргардонад.

Майрамбӣ Назриева мегӯяд, касе ба додаш намерасад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Линки мустақим

Бо ордени "Шараф" шахс барои хизматҳояш ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, хизмати давлатӣ ва ҳарбии намунавӣ ва фаъолиятҳои ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешавад. Ордени "Шараф" дорои дараҷаи I ва II мебошад.

XS
SM
MD
LG