Дар Тоҷикистон давраи супоридани имтиҳонҳо барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ идома дорад. Ин давраро махсусан духтарони довталаб бо изтиробу ҳаяҷон сипарӣ мекунанд, зеро чӣ гуна ранг гирифтани сарнавишти онҳо ба натиҷаи имтиҳон бастагӣ дорад.
Муввафақ шудан, барояшон ин маъниро дорад, ки онҳо баъди ду моҳ дар паси мизи донишгоҳ ё омӯзишгоҳ менишинанд, агар не, волидайнашон онҳоро ба шавҳар медиҳанд.
Дилноза Ҳомидова, довталабе аз шаҳри Исфара китобу дафтар ва сару либосашро ҷамъ карда, барои таҳсил дар донишгоҳ омодагӣ мегирад. Ӯ имтиҳони аввалро дар маркази миллии тестӣ супурд ва умед дорад, ки донишҷӯи факултаи физикаю математика мешавад. Аммо бархе аз ҳамсинфону дугонаҳояш ҷиҳози арӯсӣ таҳия мекунанд ва барои издивоҷ омодагӣ мегиранд.
Дилноза Ҳомидова синфи 11 - и мактаби рақами 67 - и шаҳри Исфараро бо 50 ҳамсолу ҳамсинфаш хатм кард. Ӯ мегӯяд, идомаи таҳсил ва соҳиби ихтисосу касбе шудан ба ӯ шанс медиҳад, ки барои худ ояндаи беҳтаре бисозад. “Дипломи омузгорӣ ба дастам гирам, дар зиндагӣ дарнамемонам. Хонашин ва дастнигари шавҳар шуда намехоҳам,” -мегӯяд Дилноза.
Довталабон зиёданд, монеаҳо аз он ҳам зиёдтар
Духтарони довталаби таҳсил дар мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳу коллеҷҳо мегӯянд, таҳсилу кор онҳро аз зиндагии якнавохту дилгир, ки аксари занони минтақа аз сар мегузаронанд, раҳо мекунад.
Таҳсилу кор ҳамчунин имконест, ки истиқлоли молӣ ва зеҳнии духтарони деҳоти дурдастро таъмин мекунад. Ҳамчунин онҳо фурсат хоҳанд дошт, ки барои зиндагии оянда беҳтар омода шаванд. Духтарон бо назардошти бозори кори ноҳияи худ бештар касбу корҳои омузгорӣ, табиб ва муҳосибӣ меомӯзанд.
Дар бархе деҳоти дурдасти Исфара духтаронро ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар синфҳои 8 - 9 бо ҳамсари оняда номзад мекунанд ва зуд, пас аз хатми мактаби миёна ба шавҳар медиҳанд.
Мунира, номи мустаори духтарест, ки имсол мактаби миёнаро хатм кард, вале натавонист орзуи деринааш, донишҷӯ шуданро амалӣ кунад. Ӯ мехост дар омӯзишгоҳи тиббӣ таҳсил кунад, вале волидайнаш нагузоштанд. Бо ин ҳол Мунира эътироз надорад ва тасмими падаршро ба чолиш намекашад.
Мунира имрӯзҳо аз субҳ то шом ҳамроҳи падуру модар ва бародараш дар саҳро зардолӯ ҷамъоварӣ мекунад. Тирамоҳ номзади Мунира аз муҳоҷирати кории Русия бармегардад ва хонавода бо пули фурӯши зардолӯ тӯйи арӯсӣ ӯро барпо мекунанд.
Ман духтур шудан мехостам. Аммо падару модарам намонданд ва барвақт ба шавҳар доданд. Шукри худо, шавҳарам одами нағз. Аммо ӯ ҳам хондагӣ не. Ҳозир ман ҳеҷ касбу ихтисос надорам ва дар хона зиқ мешавам.
Имсол дар ноҳияи Исфара 3750 нафар мактаби миёнаро хатм карданд. Беш аз 2300 нафар (ё ҳудуди 62 дар сад) хонандагон барои идомаи таҳсил дар донишгоҳу коллеҷу омузишгоҳҳо довталаб шудаанд. Беш аз 1200 нафари онҳо духтаронанд, ки дар ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ бар писарон пешӣ ҷустаанд.
Бархе мусоҳибони мо аз Исфара мегӯянд, танҳо пойбандӣ ба суннатҳои издивоҷи ҳатмии духтари болиғ нест, ки ба таҳсили онҳо монеъ мешавад. Бисёр хонаводаҳо имкон надоранд, ки хароҷоти 4 ё 6 соли таҳсили фарзанди худро бар дӯш бигиранд.
Афсӯс, ки шароит надорем
Наврӯза Алиева имсол баъди хатми мактаби рақами 27 - и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара умедвор буд, ки бо квотаи раисҷумҳур ба факултаи психологияи Донишгоҳи Хуҷанд дохил мешавад. Вале бахташ баландӣ накард.
Ӯ мегӯяд, ҳоло умеди таҳсилаш дар донишгоҳ тақрибан барбод рафтааст: “Ба умеди ба даст овардани квота ҳуҷҷатҳоямро ба маркази миллӣ насупорида будам. Баъд дер шуд. Аз маркази тестӣ гуфтанд, ки ба Душанбе рафта, ба донишгоҳи миллӣ супорам. Аммо афсӯс, ки шароит надорем.”
Наврӯзаро тақдире Шукронаи Абдмуталлиб интизор аст, ки соли 2015, ягона духтар аз ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, баъди хатми синфи 11 ба хотири квотаи таҳсил ба донишгоҳи техникӣ санад супурд, вале ноком шуд.
Ӯ мегӯяд, аз ин рӯҳафтода нашуд, ки квотаи духтарони деҳотиро ба духтари шаҳрӣ доданд. Баръакс, талош кард роҳи дигарро пайдо кунад. Наврӯза бо супудани имтиҳоноти Маркази тестӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷоратии пойтахт дохил шуд ва ҳоло соли дуи таҳсилро паси сар кард.
Шаҳноза як сокини деҳаи навгилеми Исфара аст, ки ҳоло шавҳардор ва соҳиби ду фарзанд аст. Вале ҳар гоҳ сӯҳбат дар бораи таҳсили духтарону донишҷӯӣ ҷараён бигирад, дилаш доғ мешавад. Ӯ мегӯяд: “Ман духтур шудан мехостам. Аммо падару модарам намонданд ва барвақт ба шавҳар доданд. Шукри худо, шавҳарам одами нағз. Аммо ӯ ҳам хондагӣ не. Ҳозир ман ҳеҷ касбу ихтисос надорам ва дар хона зиқ мешавам.”
Ба қавли мусоҳибам, барои аз таҳсил мондани ӯ ва духтарони дигари деҳоти дурдасти Тоҷикистон, волидон бештар нақш доранд, ки издивоҷу оиладориро аз таҳсил авлотар медонанд.
Хостгор болотар аз донишгоҳ
“Хостгорҳои авалро гардонем, духтарамон аз шавҳар мемонад, гуфта зуд ба ҷавоне номзад мекунанд. Бисёрии ҷавонони мо ҳам духтарони аз 19 сола болоро намегиранд. Барои ҳамин вақти паси мизи мактаб будани духтарашон ӯро ба ҷавоне фотеҳа карда мемонанд.Баъди тамом кардани мактаб зуд ба шавҳар медиҳанд” - мегӯяд, Шаҳноза.
Шаҳноза мегӯяд, аммо ӯ ин қолабро қабул надорад ва мехоҳад онро бишканад. Ҳади ақал барои фарзандаш : “Худо хоҳад, духтардор шавам, албатта ӯро ба духтурии занона мехононам. Ҳамин хел орзу дорам.”
Ин ҳарфҳои Шаҳноза танҳо барои тасаллии дили худаш нест, ки натавонист орзӯяшро амалӣ кунад. Ӯ ҳоло писарашро ба беҳтарин мактаби хусусии Исфара, ки бо номи “Коллеҷи Азизов” маъруф аст, додааст, то барои идомаи таҳсили оянда дар мактаби олӣ омода шавад.