Дар чанд ҷумла
Тахфифи интиқоли пахта ва алюминиюми Тоҷикистон тариқи Бандар Аббос
Эрон барои интиқоли транзити пахта ва алюминиуми Тоҷикистон аз роҳи Бандар Аббос 26 дарсад тахфиф хоҳад кард. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин иқдоми идораи “Роҳи оҳан”-и Эронро як қадами муҳим дар амри ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан ва тиҷорат, хадамоти гумрукӣ барои транзити маҳсулоти стратегии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. Шералӣ Ганҷалзода, муовин вазири нақлиёти Тоҷикистон рузи 17 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Бандар Аббос наздиктарни бандари барои Тоҷикистон аст ва аз нигоҳи тиҷорату иқтисодиёт барои Тоҷикистон аҳамият дорад.
Муҳаммадҳодӣ Зиёимеҳр, мудири кулли “Роҳи оҳан”-и Хуросони Эрон дар нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Машҳад рӯзи панҷшанбеи 16 феврал изҳор доштааст, ки алюминиум ва пахта, ки ду маҳсули стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд ва аз роҳи Бандар-Аббоси Эрон тариқи транзит интиқол меёбанд, 26 дар сад тахфиф хоҳад шуд. Тавре расонаҳои эронӣ навиштанд, он кишвар барои транзити ин ду маҳсули Тоҷикистон 26 дарсад тахфифи транзитӣ роҳандозӣ хоҳад кард.
Раиси Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати Хуросон Розия Алиризоӣ дар ин нишасти сеҷониба гуфт, Эрон бар асоси сиёсатҳои иқтисоди зарур медонад, ки содиротро ба Тоҷикистон ва Туркманистон афзоиш диҳад. Дар ин нишаст аз миён бурдани монеаҳои гумрукӣ ва фаъол кардани ҳамоҳангиҳои мақомоти миёни кишварҳоро барои содатар намудани мубодилоти иқтисодӣ ва масоили дигари ҳамкориҳои иқтисодии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ба нахуствазири собиқи Гурҷистон дарафтода, биниашро шикастаанд
Дар Гурҷистон ба нахуствазири собиқи ин кишвар дарафтода, биниашро шикастаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Гурҷистон, ҳамла ба Георгий Гахария, шоми 15-уми январ дар даҳлези меҳмонхонаи «Шератон» дар шаҳри Батуми сурат гирифтааст.
Дар хабарҳо омадааст, ки чанд нафар ба ӯ дарафтода сахт латукӯб кардаанд ва дар натиҷа сиёсатмадор, бинии сиёсатмадор шикаста ва сараш осеб дидааст. Ӯро ба бемористон бурдаанд.
Яке аз расонаҳои гурҷӣ бо номи "Мтис амбеби" навиштааст, ки хабарнигоронаш шоҳиди ҳодиса буданд ва дидаанд, ки ба Георгий Гахария, вакили порлумон аз ҳизби ҳоким Дмитрий Самхарадзе, муовини вазири иқтисоди Адҷария Георгий Манвелидзе ва сиёсатмадорони дигар будаанд.
Телевизиони тарафдори ҳукумат «Имеди» бо нашри видео гуфтааст, ки сабаби ҷангу ҷанҷол худи нахуствазири собиқ шуд, дигар хабарнигорон мегӯянд, ки ҳамин гурӯҳи сиёсатмадорон баръакс ба Георгий Гахария пеш аз муноқиша дар меҳмонхона низ ҳамла кардаанд. Ҳизби мухолифи давлат бо номи «Барои Гурҷистон», ки бунёдгузор ва раисаш Георгий Гахария аст, ҳамларо дорои ангезаҳои сиёсӣ хонд.
Ӯ аз соли 2019 то соли 2021 нахуствазири Гурҷистон буд, вале баъдан ҳукуматро тарк кард ва ҳизби «Барои Гурҷистон»-ро таъсис дод.
Русия дигарбора ба системаҳои энергетикии Украина зарба зад
Русия бо ҳамлаҳои нав ба системаҳои энергетикии Украина сабаби қатъи нерӯи барқ дар вилоятҳои ин кишвар шуд. Владимир Зеленский гуфт, ин ҳамлаҳо зарурат ба кӯмакҳои бештари кишварҳои ғарбӣ барои тақвияти системаи дифои ҳавоии Украинаро нишон медиҳад.
Субҳи 15-уми январ чанд вилояти Украина бар асари таркишҳо такон хӯрд ва шабакаҳои тақсими барқ ҳам дар зимистони сард аз кор афтод. “Укрэнерго” ширкати мутассадии тақсими барқ дар бораи қатъи барқ дар чанд вилояти Украина хабар дод ва раиси вилояти Лвов аз ду ҳамла ба зербунёдҳои ҳаётӣ гуфт.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт:”Миёнаи зимистон аст ва ҳадафи русҳо дигар нашудааст, ва он ҳам арсаи энергетикии мо. Дар байни ҳадаф, зербунёдҳои газ ва иншооти барқӣ аст, ки барои таъмини зиндагии одии мардум заруранд.”
Ҳамлаҳои сахти Русия зоҳиран посух зарбаҳои Украина ба умқи хоки Русия аст. Нерӯҳои Украина рӯзи 14-уми январ ба корхонаҳои аслиҳасозӣ, полоишгоҳҳои нафтӣ ва анборҳои Русия зарба заданд.
Раисҷумҳури Эрон вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кард
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, шоми 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд.
Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе президент Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, “зимни суҳбати кӯтоҳ сарони ду давлат доир ба барномаи сафари Масъуд Пизишкиён табодули назар карда, изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг саҳифаҳои нав боз мекунад.”
Сафари Масъуди Пизишкиён аз 15 то 17-уми январ идома меёбад.
Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, зимни он имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.
Душанбе ва Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд, чун Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ барои муддати дароз мавзӯи баҳси ду тараф буд.
Соли 2019, пас аз имзо шудани як санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.
Ҳамадонӣ аз "Истиқлол"-и Тоҷикистон ба бошгоҳи "Гулгуҳар"-и Эрон гузашт
Ҳамадонӣ Камолов, нимҳимоятгари дастаҳои мунтахаби миллӣ ва олимпии Тоҷикистон, бо бошгоҳи футболи “Гулгуҳар”-и Эрон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҳамадонӣ Камолов ҳамчун бозигари озод бо бошгоҳи “Гулгуҳар”, ки намояндаи шаҳри Сирҷони Эрон аст, барои ду мавсим қарордод бастааст. Дар ҳамин ҳол бошгоҳи нави футболбози тоҷик дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Эрон дар ҷойи панҷум қарор дорад.
Ҳамадонӣ Камолов, ки 16-уми январ 22-сола мешавад, аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба тими “Гулгуҳар” гузашт, қаблан дар дастаи "Локомотив-Помир"-и Душанбе ва бошгоҳҳои испаниягии "Райо Махадаонда" ва "Паракуэллос Антамира" ҳунарнамоӣ кардааст.
Камолов дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 2023 дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдун (1:1) аввалин бор ба майдон баромадааст. Вай дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 бозӣ карда, ду гол задааст.
Дар ҳамин ҳол боз як узви тими миллии Тоҷикистон, ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонови 24-сола дар бошгоҳи “Сипоҳон”-и Эрон бозӣ мекунад.
Лавров: Маскав омодааст, пешниҳоди Трамп ва мушовиронашро бишнавад
Вазири корҳои хориҷии Русия эълон кард, ки Маскав омодааст, пешниҳодҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико ва мушовирони ӯро барои ҳаллу фасли ҷанги Украина бишнавад.
Изҳороти Сергей Лавров рӯзи 14-уми январ зимни нишасти хабарии солонаи ӯ садо дод.
Ин тозатарин баёнияи мақомоти Русия дар остонаи пешниҳооди эҳтимолии оташбас барои ҷангест, ки моҳи оянда аз оғози он се сол пур мешавад.
Раисҷумҳури мунтахаби Амрико гуфтааст, мехоҳад бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқот кунад ва рӯ ба рӯ масъалаи ҷанг дар Украинаро ҳал кунад. Ҷанге, ки то кунун аз ҳар ду ҷониб беш аз 1 миллион кушта ва захмӣ ба ҷой гузоштааст.
Русия, ки нерӯҳояш дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 дарсади хоки Украинаро ишғол кардаанд, ҳамлаи худро ба ин кишвар бо чанд далел, аз ҷумла, пешгирӣ аз пайвастани ин кишвар ба НАТО, тавҷеҳ кардааст.
Лавров дар нишасти хабарии сесоатаи худ ба хабарнигорон гуфт, "мо мунтазири ташаббусҳои вижа ҳастем. Президент Путин ҳамчунин чанд бор гуфтааст, ки омодаи дидор аст, аммо ҳанӯз пешниҳоде ироа нашудааст".
"Президент Трамп ҳам гуфт, ки Путин мехоҳад мулоқот кунад ва ӯ ба ин бовар аст, ки онҳо бояд мулоқот кунанд, аммо аввал бояд расман ба кор шурӯъ кунад," -- афзуд ӯ.
Дар рӯзҳои охири маъмурияти худ, президенти Амрико Ҷо Байден ба Украина барои харидани аслиҳа миллиардҳо доллар ҷудо кард.
Дар Киев мақомоти украинӣ низ барои шунидани пешниҳоҳои сулҳи Трамп ибрози омодагӣ кардаанд.
Трамп рӯзи 13-уми январ дар мусоҳибае бо Newsmax таъкид кард, ки Путин омодааст, пас аз маросими савгандёдкунии Трамп дар 20-уми январ билофосила бо ӯ мулоқот кунад. Трамп афзуд, "медонам, ки ӯ мехоҳад мулоқот кунад ва ман ба зудӣ бо ӯ мулоқот хоҳам кард".
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия андаке қабл аз нишасти хабарии Лавров ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз дар бораи мулоқоти Трамп ва Путин мувофиқа нашудааст.
Майк Валтз, фарди мавриди назари Трамп барои мақоми мушовири амнияти миллии Амрико низ бар талоши дипломатии нав барои ҳаллу фасли даргирӣ таъкид кард. Аммо ӯ ҳамчунин ба дархости Украина барои хуруҷи Русия аз ҳама сарзаминҳои ишғолии Украина ишора кард. Талабе, ки амалӣ шудани он душвор ба назар мерасад.
Ҳамкории стратегӣ. Имзои созишномаи нав байни Арманистону Амрико
Арманистон ва Амрико созишномаи ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд.
Ин маросим рӯзи 14-уми январ бо ҳузури Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико ва ҳамтои арманияш Арарат Мирзоян дар Вашингтон гузашт.
Блинкен гуфт, Иёлоти Муттаҳида пуштибонияшро аз амнияту дифои Арманистон идома дода, барои ҳифзи истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии ин кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.
Арманистон талош дорад, ки аз Русия фосила бигирад.
Ереван дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ҳампаймони Маскав аст.
Русия дар Арманистон пойгоҳи низомӣ дорад.
Пас аз он ки дар ҷанги Арманистону Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ Маскав аз Ереван ҳимоят накард, муносибати ду кишвар сард шуд.
Озарбойҷон дар соли 2023 Қаробоғи Кӯҳиро пурра ишғол кард ва ҳазорҳо арманӣ маҷбур шуданд, ин минтақаро тарк кунанд.
Филми "таблиғотӣ"-и Беларус дар бораи хабарнигорони зиндонии Озодӣ
ОNТ, шабакаи давлатии Беларус, рӯзи 14-уми январ бахши аввали филми “таблиғотӣ”-ро дар бораи хабарнигорони зиндонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар он кишвар пахш ва онҳоро ба "кӯшиши оташ задани Беларус" муттаҳам кард.
Маркази хабарии Радиои Озодӣ навишт, ҳадаф аз филм бадном кардани рӯзноманигорони мустақил аст, ки дар остонаи интихоботи президентии Беларус дар бораи нақзи қонун ва саркӯбгарӣ гузориш медиҳанд.
Интихобот рӯзи 26-уми январи имсол баргузор хоҳад шуд.
Мухолифони ҳукумати Беларус интихоботи президентии соли 2020-ро пур аз тақаллуб номида буданд. Баъд аз ин интихобот эътирозҳои густурда баргузор шуд, аммо ҳукумати худкомаи Александр Лукашенко онҳоро саркӯб кард.
Дар қисми аввали филми "Озодии сухан" хабарнигори бахши беларусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Андрей Кузнечик дида шуд.
Кузнечик, падари ду фарзанд, моҳи ноябри соли 2021 боздошт шу два бо иттиҳоми "зӯроварӣ" 10 рӯзро дар ҳабс гузаронд. Худаш иттиҳомро рад кард. Сипас ӯро ба таъсиси гурӯҳи ифротӣ муттаҳам ва ба шаш сол зиндон маҳкум карданд.
Масъуд Пизишкиён ба Душанбе меояд
Раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён рӯзи 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мешавад.
Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистону Эрон баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешаванд.
Ҳамчунин, бино ба барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти ҳайатҳо, байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон доир шавад.
Душанбе ва Теҳрон дар даҳ соли ахир робитаи печидае доштанд. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон соли 2019 пас аз имзо шудани протокол дар бораи ҳамкорӣ рӯ ба гармшавӣ овард.
Президенти барканоршудаи Кореяи Ҷанубӣ боздошт шуд
Оҷонси мубориза бо фасод дар Кореяи Ҷанубӣ эълон кард, ки раисҷумҳури барканоршудаи ин кишвар боздошт шуд.
Дар наворҳое ки субҳи 15-уми январ нашр шуд, дида мешавад ки садҳо афсари пулиси Кореяи Ҷанубӣ дар атрофи манзили Юн Сок Ёл қарор доранд.
Тибқи гузоришҳои ибтидоӣ, нерӯҳои муҳофизи Юн Сок Ёл бо кормандони пулис даргир шуданд.
Ин талоши дувуми мақомоти Кореяи Ҷанубӣ барои боздошти Юн Сок Ёл буд.
Чанд рӯз қабл мақомот кӯшиш карданд, ки ӯро боздошт кунанд, аммо бо муқовимати маъмурони амниятии раёсати ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ гаштанд.
Вакилони мудофеи Юн Сок Ёл гуфтаанд, талоши боздошти ӯ ғайриқонунӣ аст ва ҳадаф аз он таҳқири вай дар ҷомеа мебошад.
Иқдоми Юн Сок Ёл дар эълони вазъияти ҳукумати ниҳомӣ дар оғози декабри соли 2024 мардуми Кореяи Ҷанубиро дар ҳолати шок ва ин кишварро дар рӯбарӯи як буҳрон қарор дод.
Рӯзи 3-юми декабр Юн эълон кард, ки, ба гуфтааш, “ба хотири мубориза бо ҷонибдорони дохилии Кореяи Шимолӣ” дар кишвараш ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мекунад.
Қароре, ки шаш соат умр дид, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили эътирозҳо, корпартоиро манъ карда, дар кишвар сензура ва кори додгоҳҳои низомиро фаъол мекард, ки ҳаққи содир кардани ҳукмҳои маргро доранд.
Парлумони ин кишвар рӯзи 14-уми декабр аз тарҳи нобоварӣ ё импичменти президент пуштибонӣ кард ва фаъолияти ӯро боздошт.
"Ин ҳукми қатл барои рӯзноманигории мустақил дар Хатлон аст"
Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Аҳмади Иброҳим ва хабарнигорони дигари зиндонии тоҷикро фавран озод кунанд. Ин созмони воқеъ дар Фаронса истифода аз низоми додгоҳиро "барои хомӯш кардани садоҳои мухолиф" маҳкум кард.
Аҳмади Иброҳим, сардабири "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, рӯзи 10-уми январ даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар Гузоришгарони Бидуни Марз ҳукми ӯро "худсарона" номид. Жанна Кавелйе рӯзи 14-уми январ дар изҳороте гуфт, "ин ҳукми қатл барои рӯзноманигории мустақил дар вилояти Хатлон аст."
"Ин ҳукм – ҳосили мурофиаи ношаффоф ва бидуни вакили мудофеъ – боз як намоиши азми мақомоти Тоҷикистон барои шикастани такягоҳҳои охирини матбуоти мустақил аст," – афзуд ӯ.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳимро ба ришвадиҳӣ, тамаъҷӯӣ ва ифротгароӣ гунаҳкор донист. Худаш дар номае аз Боздоштгоҳ парвандаро сохта хонд. Наздиконаш низ бо ҳукм розӣ нестанд.
Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. "Рӯди пурхун", "Ҷаҳиши охирини бабр", "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои ӯст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили "Пайк"-ро дар вилоят Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.
Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) мегӯяд, аз соли 2022 ба ин сӯ тақрибан даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
"Мурофиаи онҳо низ чун парвандаи Аҳмади Иброҳим бо камбудҳои зиёд сурат гирифтааст ва иттиҳомоти алайҳи онҳо баҳонае барои сокит карданашон аст. Ин яке аз саркӯбҳои ҷиддитарини матбуот пас аз ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 мебошад," – гуфта шудааст дар изҳороти созмон.
Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодии матбуот (соли 2024) дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 155-ум қарор дорад. Дар соли 2023 дар ҷойгоҳи 153 буд.
Ҳафт низомии украиниро дар Русия зиндонӣ кардаанд
Ҳафт низомии украиниро дар Русия аз 15 то 16 сол зиндонӣ кардаанд.
Додгоҳи ҳарбии Маскав ин афродро ба амали террористӣ дар вилояти Курск гунаҳкор донист.
Онҳо моҳи октябри соли 2024 дастгир шуданд.
Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 14-уми январ гуфт, ҳафт низомии Украина моҳи августи соли 2024 марзи Русияро ғайриқонунӣ гузашта, сокинони як ноҳияро дар вилояти Курск “тарсондаанд”.
Бахше аз вилояти Курски Русия зери назорати нерӯҳои Украина аст.
Додгоҳи Маскав дар моҳи декабри 2024 ду низомии украинӣ Виталий Панченко ва Иван Дмитраковро бо гуноҳи ҳамлаи террористӣ дар вилояти Курск аз 14 то 15 сол зиндонӣ кард.
Ҳамлаи нерӯҳои Украина ба чанд ҳадаф дар хоки Русия
Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои ин кишвар рӯзи 14-уми январ ба чанд ҳадаф дар дохили Русия, аз ҷумла корхонаҳои аслиҳа, коркарди нафт ва анбори сӯзишворӣ зарба задаанд.
Андрей Коваленко, раиси Маркази мубориза бо маълумоти бардурӯғ дар Украина гуфт, ҳамлаҳо ба Энгелс, Саратов, Қазон, Брянск ва Тулаи Русия анҷом шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Русия нерӯҳои худро барои ҳамла ба манотиқи атрофи шаҳри Покровск дар вилояти Донетски Украина сафарбар кардааст.
Дабири кулли НАТО Марк Рутте мегӯяд, мавқеи Украина ба қадри кофӣ қавӣ нест, ки дар музокироти эҳтимолии сулҳ бо Русия ширкат кунад.
Ӯ рӯзи 13-уми январ дар як суханронӣ дар Порлумони Аврупо гуфт, Украина пеш аз расидан ба созиши сулҳ бояд мавқеи низомии худро тақвият диҳад.
Дабири кулли НАТО хоҳони таҳкими мавқеи Киев шуд
Дабири кулли НАТО гуфт, Украина дар мавқее нест, ки гуфтушуниди сулҳро бо Русия сар кунад.
Марк Рутте рӯзи 13-уми январ дар Парлумони Аврупо гуфт, Украина “ҳоло наметавонад аз мавқеи зӯр музокира кунад”.
“Мо бояд барои тағйири самти низоъ кори бештаре анҷом диҳем, то онҳо тавонанд дар мавқеи зӯр қарор гиранд”, -- афзуд ӯ.
Суханронии Рутте як ҳафта пеш аз савгандёдкунии президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп сурат гирифт.
Трамп ваъда додааст, ки ҷангро дар Украина зудтар поён хоҳад дод.
Ин ваъда нигарониро ба миён овардааст, ки шояд бо омадани Доналд Трамп ёриҳо ба Киев фавқулода кам ва раҳбарони Украина ба гузаштҳои дардноке маҷбур шаванд.
Қулмамад Паллаев, фаъоли бадахшонӣ, дар зиндон даргузашт
Қулмамад Паллаев, фаъоли маданӣ аз ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаби 12 ба 13-уми январ дар зиндоне дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.
Ӯ моҳи майи соли 2022 дастгир ва дертар ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
50 сол дошт.
Кӯшиши мо барои суҳбат бо пайвандонаш то ин дам натиҷа надод.
Рӯзноманигори мустақил Анора Саркорова рӯзи 13-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Қулмамад Паллаев аз дарди сахти меъда ранҷ мекашид.
"Масъулони зиндон дар бораи вазъи саломати ӯ хабар доштанд, аммо чорае надиданд. Онҳо ба маҳбуси сиёсӣ тавсия додаанд, ки "сабр кун". Шароити боздошти маҳбусони сиёсӣ мояи нигаронии ҷиддист," – навишт Анора Саркорова.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти зиндониён ва гаравгонони сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Варшава, рӯзи 14-уми январ марги Қулмамад Паллаевро дар маҳбас фоҷиабор хонд.
Масъулони созмон дар изҳороте навиштанд, “марги Қулмамад Паллаев бозгӯйи равшани он аст, ки зиндонҳои низоми Раҳмон ба марказҳои шиканҷа ва фишори равонӣ табдил ёфтаанд.”
Қулмамад Паллаев моҳи майи соли 2022, баъд аз эътирози мардум ва амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон, дастгир ва ҳамроҳи нуҳ нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Мақомот ӯ ва ҳамроҳонашро ба терроризму ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карданд, вале наздикони онҳо хулосаи Додгоҳро напазируфтанд.
Маълумот: Ҳодисаи Хоруғу Рӯшон
Ҳамааш рӯзи 16-уми майи соли 2022 ва пас аз он сар шуд, ки гуруҳе аз ҷавонон барои додхоҳӣ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ равон шуданд. Онҳо аз мақомот талаб карданд, ки куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва ду нафари дигарро дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ одилона таҳқиқ кунанд. Истеъфои раиси шаҳри Хоруғ ва раиси вилояти Бадахшон аз хостҳои дигари ҷавонон буд.
Мақомот талаби онҳоро напазируфтанд ва барои пароканда кардани онҳо тирҳои резинӣ ва гази ашковар ба кор бурданд. Дар он ҳодиса Замир Назаршоев, сокини 31-солаи гузари Гулакени Хоруғ ҷон бохт.
Мавҷи эътирозҳо рӯзи 17-уми майи соли 2022 аз Хоруғ ба ноҳияи Рӯшон кӯчид. Рӯзи дигар амалиёти, ба гуфтаи мақомот, “зиддиттеррористӣ” дар ноҳия шуруъ шуд.
Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 29 кас кушта шуданд. Кандуков ва суҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо мардуми маҳаллӣ ошкор кард, ки камаш 34 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҳоле ки мақомот онҳоро “узви гуруҳҳои ҷиноӣ” меноманд, пайвандонашон гуфтанд, ки аксарият бесилоҳ буданду аз паси зиндагии оромонаи худ.
CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, Аҳмади Иброҳимро озод кунанд
Як созмони ҳомии хабарнигорон ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим сахт танқид кард.
Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 13-уми январ аз мақомот хост, ки Аҳмади Иброҳим ва хабарнигорони дигари зиндониро раҳо кунанд.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи CPJ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфт, "ҳукми сангин нисбат ба Аҳмади Иброҳим баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон барои аз байн бурдани гузоришҳои танқидӣ ба чӣ кор қодир ҳастанд."
Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, "Тоҷикистон дар бештар аз як даҳсола матбуоти мустақилро пурра аз байн бурд".
"Ҳукумати Тоҷикистон бояд Аҳмади Иброҳим ва ҳафт рӯзноманигори дигарро, ки бо иттиҳомҳои интиқомҷӯёна зиндонӣ шудаанд, фавран озод карда, фазои саркӯбкунандаро ислоҳ кунанд," – афзуд Гулноза Саид.
Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили "Пайк", рӯзи 10-уми январ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ӯро ба ришвадиҳӣ, тамаъҷӯӣ ва ифротгароӣ гунаҳкор донист. Худаш дар номае аз Боздоштгоҳ парвандаро сохта хонд. Пайвандонаш низ раҳоии ӯро талаб доранд.
Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. "Рӯди пурхун", "Ҷаҳиши охирини бабр", "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои ӯст.
Дар соли 2012 нашрияи мустақили "Пайк"-ро дар вилоят Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.
Боздошти як сокини Конибодом барои "ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" ба Украина
Мақомоти тоҷик як сокини шаҳри Конибодомро, ки ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Украина гумонбар дониста мешавад, дастгир кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як хабар гуфт, ин марди 36-сола чандин нафарро бо ваъдаи таъмини ҷойи кор бо маошу шароити хуб ба сифати фурӯшанда ва дигар ихтисосҳо ҷалб намуда, аммо ба онҳо музди меҳнаташонро напардохтааст. Ҳамчунин, шиносномаҳояшонро аз дасташон маҷбурӣ гирифта, то лаҳзаи баргашташон бо худ нигоҳ доштааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбар як марди 33-соларо ба сифати фурӯшанда ҷалб карда, ба ӯ 900 ҳазор рубли Русия зарар расонидааст. Ба ҳамин монанд, ба нафари дигар 4 миллиону 800 ҳазор рубли русӣ зарари моддӣ расонида, баръакс, иддао кардааст, ки гӯё ҷабрдида аз ӯ 15 ҳазор доллар қарздор аст. Ҳамин тавр гумонбар ба се нафари дигар наздик ба 3 млн рубл зарар расонидааст.
Аз гумонбар ном бурда нашуда, назари худи ӯ ба ин иттиҳом дастрас нест.
Ба иттилои мақомот, зидди ӯ барои "ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ", парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Тоҷикистон. Эълони ҷойҳои холӣ барои кор дар Қатар
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як эълон шаҳрвандонро барои кор дар Қатар барои соли 2025 даъват кардааст. Дар эълон музди меҳнат вобаста ба кору ихтисос аз 550 доллар бештар гуфта шудааст.
Ба навиштаи ин ниҳод, кор дар Қатар дар бахшҳои чорводорӣ, анбори мошинҳо ва кор бо техникаи он, пешбинӣ шудааст ва хоҳишмандон бояд ба "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ", муроҷиат кунанд.
Намояндагони Вазорати меҳнат мегӯяд, маблағи билет, раводид, ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ, нақлиёт ва хизматрасонии тиббӣ аз сӯи корфармо пардохт мешавад. Кор фақат барои донандагони забонҳои англисӣ ё арабӣ пешниҳод карда мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд ба ҷуз Русия роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ахир барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи ин муҳоҷирон хеле кам аст.
Yonhap: Беш аз 300 сарбози Куриёи Шимолӣ дар Курск кушта шудаанд
Хабаргузории “Yonhap” аз қавли мақомоти иктишофии Куриёи Ҷанубӣ хабар дод, ки зиёда аз 300 сарбози Куриёи Шимолӣ дар Курски Русия кушта шудаанд. Нерӯҳои Украина бахше аз ин вилоятро зери назорат доранд.
Ба иттилои “Yonhap”, 2700 низомии дигари Куриёи Шимолӣ дар Русия захмӣ ҳастанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 11-уми январ гуфт, нерӯҳои кишвараш ду сарбози Куриёи Шимолиро дар Курск ба асорат гирифтаанд.
Аз як сарбози асир билети ҳарбӣ ба номи Антонин Аранчин, сокини Тива, ёфт шудааст.
Би-би-сӣ мегӯяд, Русия бо ин роҳ ҳузури низомиёни Куриёи Шимолиро дар ҷанги зидди Украина пинҳон медорад.
Зеленский гуфт, Киев дар ивази раҳоии асирони украинӣ дар Русия омодааст, ки ду сарбози Куриёи Шимолиро ба раҳбари он кишвар Ким Чен Ун бидиҳад.
Марги 24 кас дар сӯхтори азим дар Лос Анҷелес
Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар Лос Анҷелеси Амрико ба 24 кас расидааст.
16 тани дигар бедарак ҳастанд.
Мақомоти Амрико гуфтанд, эҳтимол ин шумора бештар шавад.
Сӯхтор рӯзи 7-уми январ сар шуд.
Оташ дар ҳазорҳо гектар паҳн шуда, зиёда аз 12 ҳазор биноро вайрон кардааст.
Ҷо Байден, президенти Амрико, сӯхторро дар Лос Анҷелес фалокати бузург донист.
AccuWeather чанд рӯз қабл зарари эҳтимолии иқтисодиро аз ин офати табиӣ 135-150 миллиард доллар ҳисоб карда буд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, Обиддинӣ аз Итолиё ба Теҳрон рафт
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки Муҳаммад Обиддинӣ рӯзи 12-уми январ баъди раҳоӣ аз Итолиё ба Ҷумҳурии Исломӣ баргаштааст.
Раҳоии ин тоҷири эронию швейтсарӣ пас аз чор рӯзи озодии Чечилиа Соло, хабарнигори 29-солаи итолиёӣ аз Теҳрон сурат гирифт.
Обиддинии 38-сола дар моҳи декабри соли 2024 бо дархости Амрико дар шаҳри Милани Итолиё дастгир шуд.
Вашингтон ӯро ба даст доштан дар ҳамла ба пойгоҳи амрикоӣ дар Урдун муттаҳам медонад. Дар ин ҳодиса се сарбоз кушта шудааст.
Муҳаммад Обиддинӣ, инчунин, ба нақзи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва фиристодани фанновариҳои пешрафта ба артиши Эрон гумонзад аст.
Қаблан Амрико истирдоди ӯро дархост карда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон боздошти Обиддиниро дар Итолиё “суитафоҳум” номид.
Байден ваъда додааст, се амрикоиро аз Афғонистон берун меорад
Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфтааст, се амрикоии дастгиршударо ба ҳар қимате аз Афғонистон берун хоҳад овард.
Кохи Сафед дар ин бора рӯзи 12-уми январ хабар дод.
Райан Корбетт, Ҷорҷ Глезман ва Маҳмуд Ҳабибӣ аз соли 2022 дар Боздоштгоҳи "Толибон" дар Афғонистон ҳастанд.
Байден рӯзи 12-уми январ бо пайвандони онҳо дар Вашингтон суҳбат кард. То поёни маъмурияти ӯ як ҳафта мондааст.
Хабаргузории "Reuters" пештар гузориш дод, ки маъмурияти Байден барои раҳоии се амрикоӣ аз моҳи июли 2024 бо "Толибон" музокира дорад.
Ба навиштаи манбаъ, дар ин гуфтушунид озодии Муҳаммадраҳим ал-Афғонӣ дар ивази раҳоии се амрикоӣ матраҳ аст. Ал-Афғонӣ, ки яке аз шарикони Усома бин Лодин, бунёдгузори созмони террористии “Ал-Қоида” номбар мешавад, аз соли 2008 дар зиндони Гуантанамост.
Райан Корбетти 40-сола дар Афғонистон имдодгар буд.
Маҳмуд Ҳабибии 37-сола раёсати Идораи ҳавонавардии ҳукумати пешини Афғонистонро бар уҳда дошт.
Ҳарду дар моҳи августи 2022, баъд аз як соли тасарруфи Афғонистон аз тарафи “Толибон” дастгир шуданд.
Ҷорҷ Глезман 66 сол дорад. Вай низ дар соли 2022 ҳангоми боздид аз Афғонистон боздошт шуд.
Боздошти як сокини Душанбе барои фиреби муҳоҷирон
Дар пайи шикояти муҳоҷирони фиребхӯрда, ки ба гуфтаашон, аз онҳо 500 ҳазор рубли русиро гирифтанд, мақомот аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод.
Пулиси пойтахт гуфт, Шаҳром Бегов, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе дар телеграмканалҳои муҳоҷирон худро ҳамчун ҳуҷҷатгузор ва ронандаи таксӣ муаррифӣ намуда, аз корафтодагон тавассути ҳамёни электронӣ пул мегирифтааст.
Феълан беш аз 20-ҳолати ба гуфтаи мақомот "мардумфиребӣ"-и Шаҳром Бегов муайян шуда, зарари ба муҳоҷирон расонидаи ӯ беш аз 500-ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Назари худи Беков ба ин қазия дастрас нест.
Ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад.
NBC: Шумораи қурбониёни сӯхтор дар Лос Анҷелес ба 16 кас расид
NBC News рӯзи 12-уми январ навишт, ки теъдоди қурбониёни сӯхтори азим дар як минтақаи сарватмандон дар Лос Анҷелеси Амрико ба 16 кас расид.
Сездаҳ тани дигар бедарак ҳастанд.
Сӯхтор рӯзи 7-уми январ сар шуд.
Оташ то кунун дар бештар аз 15 ҳазор гектар паҳн шуда, зиёда аз 12 ҳазор биноро вайрон кардааст.
Мақомоти маҳаллӣ ба далели дуди ғализи заҳролуд вазъияти изтирорӣ эълом карданд.
Ҷо Байден, президенти Амрико, сӯхторро дар Лос Анҷелес фалокати бузург донист.
AccuWeather зарари иқтисодиро аз ин офати табиӣ 135-150 миллиард доллар баршумурд.
Фиристодаи вижаи Трамп хоҳони фишори бештарин ба Эрон шуд
Фиристодаи вижаи президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп дар умури Русия ва Украина хоҳони "фишори ҳадди аксар" алайҳи Теҳрон шуд.
Генерал Кит Келлогг дар ин бора рӯзи 11-уми январ дар нишасти мухолифони Эрон дар Порис (Париж) изҳорот дод.
Ӯ гуфт, бояд бо фишори афзун Эронро маҷбур кард, ки ба озодии бештар иҷозат дода, пуштибониро аз унсурҳои ифротгаро дар Ховари Миёна бас кунад.
"Ин фишорҳо на танҳо низомӣ, балки бояд иқтисодӣ ва дипломатӣ низ бошанд," – гуфт Келлогг дар нишасти Шӯрои миллии муқовимати Эрон (NCRI). Шӯрои миллии муқовимат як созмони мухолифи режими Теҳрон аст. Эрон онро созмони террористӣ медонад.
Маълум нест, ки сафари Кит Келлогг ба Порис (Париж) ва изҳороти ӯ дар мавриди Эрон мустақим бо Доналд Трамп ҳамоҳанг шудааст ё на.
Президенти мунтахаби Амрико рӯзи 27-уми ноябри 2024 номзадии Келлогро ба мақоми намояндаи вижа дар умури Украина ва Русия пешбарӣ кард. Ин генерали мустаъфӣ муддати дароз мушовири аршад дар умури дифоъ будааст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон, рӯзи 11-уми январ гуфтааст, артиши Эрон “тавре ки бархе бовар доранд” он қадар заиф нест.
Изҳороти Малола Юсуфзай дар бораи ҳукумати "Толибон"
Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, аз раҳбарони кишварҳои мусалмонӣ хост, ки ба ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон "ҷомаи қонунӣ" напӯшонанд.
Вай, баръакс, аз онҳо даъват кард, ки бо истифода аз "қудрати худ" алайҳи монеагузории "Толибон" ба кору таҳсили занон ва духтарон садо баланд кунанд.
"Одӣ карда гӯем, "Толибон" занонро одам ҳисоб намекунанд," – гуфт Малола Юсуфзай рӯзи 12-уми январ дар пойтахти Покистон.
Дар Исломобод рӯзи 11-уми январ нишасти намояндагони тахминан 50 давлати мусалмоннишин оғоз ёфт. Ягон намояндаи ҳукумати "Толибон"-и Афғонистон ҳозир нашуд.
Гурӯҳи "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт ва хондани духтаронро дар мактабу донишгоҳ манъ кард.
Малола Юсуфзайи 27-сола соли 2012 ба далели даъватҳояш барои таҳсили духтарон мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи "Толибон"-и Покистон қарор гирифта буд.