Духтараки покистонӣ, ки бо иншои рӯзнома дар бораи ваҳшонияти Толибон маъруфият пайдо намуд ва бо вуҷуди таҳдиди тундравҳо таҳсилро тарк накард, дар як ҳамлаи мусаллаҳона болои автобуси мактабӣ ҷароҳат бардоштааст. Табион ҷароҳатҳои Малола Юсуфзайи 14-соларо сангин арзёбӣ мекунанд.
Исои Хонхел, як хабарнигори маҳаллӣ дар сӯҳбат бо бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, Малола Юсуфзай рӯзи 8-уми октябр ҳангоми бозгашт аз мактаб дар дохили як автобуси хонандагони мактаб дар маҳаллаи Сайду Шарифи вулусволии Свот, воқеъ дар шимолуғарби Исломобод, мавриди ҳамла қарор гирифт.
Тибқи гузоришҳо, ҳамлагар пеш аз холӣ кардани тири силоҳ, аз шогирдони дигар мактаб пурсидааст, ки Юсуфзай кадом аст. Баъдан бо туфанг ба сару гарданаш тир холӣ кардааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як афсари пулис иттилоъ дод. Як шогирди дигари мактаб аз дасташ ҷароҳат бардоштааст. Ин афсари пулис гуфт, ҳаёти духтараки дигар дар хатар нест.
Юсуфзай кӯмаки аввалияи тиббиро дар шифохонаи Сайду Шариф гирифта, баъдан бо чархболи ҳукуматӣ ба Пешовар интиқол ёфт.
Юсуфзай барои баррасии мушкилоти сокинони водии Свот ба ҷоизаҳои байналмилаливу миллӣ сарфароз шудааст. Дар навиштаҳои худ Малола сарнавишти мардуми одӣ, занҳову духтарҳоро дар минтақаи пурхушунати зери назари Толибонро тасвир кардааст, ки баъдан дар блогҳои Би-би-сӣ нашр шудаанд.