Қарор аст, дар ин ҳафта ӯ ба Сурия сафар кунад. Бо гузашти се ҳафта аз интисоби ӯ, хушунатҳо дар Сурия ба ҳадди боз ҳам бештар аз назорат хориҷ шуд, сели паноҳандагон ҳамчунон меафзояд ва ихтилофи назарҳо дар Шӯрои Амнияти СММ бар сари роҳҳои ҳалли буҳрони Сурия амиқтар шудааст.
Аз дасти Лахзар Иброҳимӣ дар Сурия чӣ меояд?
Худи Иброҳимӣ дар сӯҳбате бо ББС иқрор карда буд, ки маъмурияти ӯ дар Сурия коре “тақрибан иҷроношуданӣ”-ст. Барои расидан ба ҳадаф, ӯро мебояд, ҷилави 18 моҳи ҷанг байни чирикиҳо ва режими Башор Асадро бигирад ва ихтилофи назар байни аъзои Шӯрои Амниятро рафъ кунад. Ахзар Иброҳимӣ вазири собиқаи хориҷаи Алҷазоир дипломати собиқадорест, ки таҷрубаи зиёди ҳалли бӯҳронҳоро дорад. Ӯ бо миёнҷигиаш дар амри хатми ҷанги шаҳрвандии Лубнон ном баровард ва ҳамчун фиристодаи СММ дар Афғонистону Ироқ низ хидмат кардааст.
Иброҳимӣ дар мақоми фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурияи ҷангзада собиқ дабири кулли СММ Куфӣ Анонро иваз мекунад, ки талошҳои қариб нимсолааш ба иҷрои тарҳи сулҳи Сурия ба нокомӣ анҷомид. Иброҳимӣ рӯзи 24 август, вақте ин мақоми навро аз дабири кулли СММ Бан Ки Мун мепазируфт, изҳори хушбинӣ кард, ки дар Сурия ҳам ба натиҷае даст хоҳад ёфт: “Дабири кулл, вақте шумо бо ман дар тамос шудед, ман гуфтам, ки ман аз ин ифтихор дорам, сарфароз шудам, мепазирам ва метарсам. Мо то ҳол ба ҳамин назарам. Ва ман, албатта, тамоми талошамро ба харҷ хоҳам дод.”
Ба ҷои Аннон...
Ахзар Иброҳимӣ бояд акнун дар ҷое комёб шавад, ки фиристодаи собиқи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Анон ноком шуд ва рӯзи 2 август аз иҷро шудани тарҳи сулҳаш дасту дил шуста, истеъфо дод. Ва он ҳам дар ҳоле ки вазъи Сурия аз рӯзи интисоби Иброҳимӣ бадтар шудааст, на беҳтар. Танҳо дар моҳи август, ба ҳисоби Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, дар ин кишвари ошӯбзада беш аз 5000 тан кушта шуданд. Бино ба охирин омори Идораи паноҳандагони СММ, шумори паноҳҷӯёни суриёӣ ба дастикам 246 267 нафар расида, СММ дар оғози моҳ барои Сурия 347 миллион доллар кумак хост, ки назар ба дархости қаблиаш ду маротиба бештар аст.
Интисоби Иброҳимиро ҳам Сурия ва ҳам Русияву Амрико, ки ихтилофи назарашон далели аслии нокомии тарҳи сулҳи Аннон буд, хуш пазируфтанд. Аммо ӯ аз ҳоло ҳарду ҷониби низоъи Сурияро аз худ норозӣ кардааст. Изҳороти ӯ, ки дар мавриди рафтан ё мондани Башор Асад ба хулосае наомадааст, хашми чирикиҳоро барангехт. Сурияро кишвари дар ҳоли ҷанги шаҳрвандӣ эълом кардани ӯ, ба навбаи худ, мояи сарзаниш аз сӯи режими Асад шуд.
Ҷеффрӣ Лорентӣ, таҳлилгари аршади The Century Foundation (Сандуқи қарн) дар Ню-Йорк мегӯяд, Иброҳимӣ он имтиёзҳоеро, ки Аннон дошт, надорад. Аннон, барои мисол, метавонист мустақиман бо вузарои хориҷаи Амрикову Русия музокира кунад, вале Иброҳимӣ маҷбур аст, барои тамос бо Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров миёнҷӣ биҷӯяд.
Аммо аз сӯи дигар, ба гуфтаи Лорентӣ, як имтиёзи Иброҳимӣ аз як кишвари арабӣ бархостану “ҳаммиллат”-и ҷаҳони Араб будани ӯст. Ин қартаест, ки Иброҳимӣ “метавонад хубтар ба бозӣ дарорад” ва имкон медиҳад, ки ӯ ҳам аз чирикиҳо ва ҳам аз режими Сурия маълумоти мӯътамадтаре ба даст биорад.
Фурсати некӯ барои сулҳи Сурия
Иброҳимӣ гуфтааст, ки “абзор”-ҳое дар ихтиёраш ҳаст, вале ҳанӯз нақшаи мушаххаси хатми низоъи Сурияро надорад. Ҷеффрӣ Лорентӣ мегӯяд, калиди хатми ин низоъ вақте ба дасти Иброҳимӣ хоҳад омад, ки ҳам режими Асад ва ҳам чирикиҳо тамоми захираҳои худро сарф карда, эътибори худро ба ҳадде аз даст бидиҳанд, ки роҳи дигаре ба ҷуз аз мизи музокирот барояшон боқӣ намонад: “Ин бидуни шубҳа як фурсати дақиқе хоҳад буд, ки Иброҳимӣ боз ҳам баръабас байни ҷонибҳову қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳомиёни хориҷӣ пасу пеш равуо хоҳад кард. Ва баъдан як фурсати хосе пеш меояд, ки ҳама чиз тағйир мекунад.”
Лорентӣ мӯътақид аст, ки чунин фурсат барои Ахзар Иброҳимӣ дар Сурия ҳам пеш хоҳад омад. Аммо муҳим ин аст, ки ӯ ин фурсатро хуб бишиносад ва аз даст надиҳад. Ҳамин шинохти фурсати некӯ 20 сол пеш дар Лубнон қартаи сулҳро ба дасти Иброҳимӣ дод. Вале талотуми ҳодисот дар Сурияро бубинем, ки ба дасти фиристодаи нави СММ ва Лигаи Араб ин бор чӣ хоҳад дод?