Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғазаби мухолифони Асад аз куштори ғайринизомиён


Мухолифони режими Башор Асад дар эътироз ба куштори ғайринизомиён рӯзи шанберо "рӯзи хашм" унвон гузоштанд.

Мухолифони ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, дар эътироз ба куштори даҳҳо ғайринизомӣ, ки ба дасти нерӯҳои низомӣ ва амниятӣ Сурия дар шаҳри Ҳулои вилояти Ҳумс сурат гирифтааст, шанберо "рӯзи хашм" эълом карданд.

Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) теъдоди кушташудагонро камаш 88 нафар эълом карда ва гуфтааст, тақрибан 50 нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Ба гуфтаи манобеи хабарии мухолифон, 300 нафари дигар низ дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Ҳумс захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта тазоҳурот ва даргириҳои пароканда дар эътироз "ба қатли оми ғайринизомиён" дар аксар шаҳрҳои Сурия ҳам сурат гирифт.

Каме пештар аз ин, рӯзи 22-юми май, дар Сурия бар асари даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ ҳудуди 20 нафар кушта шуданд. Дар ин бора созмони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол, Бан Ки Мун, дабири кулли СММ гузориши наваш ба Шӯрои Амният дар бораи Сурияро нашр кард, ки вазъро дар он кишвар бо рангҳои хеле тира тасвир мекунад. Гузориш мегӯяд, бо вуҷуди оташбаси дар моҳи апрел бо миёнҷигиии фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Кофӣ Аннон эълоншуда ва эъзоми 270 нозир, ҳар рӯз дар Сурия “мизони ғайри қобили қабули хушунат ва табъизҳо” дида мешавад. Бан Ки Мун гуфт, “вазъи умумӣ дар Сурия шадидан ҷиддӣ боқӣ монда, танҳо дар баъзе масоил пешрафтҳои ночизе ба даст омадааст.” Ба ҳисоби СММ, шумори қурбониёни 14 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия ба 10 000 нафар наздик мешавад.

Рӯзи якшанбеи гузашта нишасти НАТО дар Чикаго имкони дахолати низомӣ ба вазъи Сурияро рад кард.
XS
SM
MD
LG