Аҳмадинажод, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сафар кардааст, рӯзҳои якшанбе ва душанбе дар барномаҳои таҷлили «Наврӯзи байналмилалӣ - 2012» ва «Конфаронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон» дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
Сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон се рӯз идома меёбад ва Аҳмадинажод дар нахустин рӯзи сафараш дар Кохи "Миллат" бо президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Сипас Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими ифтитоҳи муҷтамаи фарҳангии «Хонаи Эрон» ширкат ва суханронӣ кард. Ин тарҳ бо сармояи Эрон бунёд шуда ва ҳадаф аз он муаррифии фарҳангу ҳунар ва таърихи Эрон аст. Ин муҷтамаъи фарҳангӣ аз чанд толору ғурфаҳо таркиб ёфтааст.
Ба иттилои дастандаркорони ин тарҳ, дар маросими ифтитоҳи «Хонаи Эрон» намунаҳое аз фарҳанги ақвоми эронӣ ба намоиш гузошта шуда ва намоишгоҳи саноати дастӣ, назири хаттотӣ, қолибофӣ ва минокориро барои алоқамандон дар бар мегирад.
Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ин муҷтамаи фарҳангӣ, маҳфилҳои адабӣ, назири «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва «Рӯдакихонӣ» иҷро шавад.
Зимнан, бо он ки муҷтамаи «Хонаи Эрон» дар маҳали қаблии корхонаи «Тоҷикатлас»-и шаҳри Душанбе фаъол хоҳад шуд, аммо ҳазинаи бунёди он эълом нашудааст.
Тоҷикистон ва Эрон аз муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ бархӯрдоранд ва муддати ду даҳсола робитаҳои хуберо дар ин самт ҳифз кардаанд.