Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ: "Додситонӣ санади махфиро таҳқиқ кунад"


Вакилони МН Тоҷикистон аз ҲНИТ аз Додситони кулли ин кишвар талаб кардаанд, ки ба таҳқиқи асноди мунташира дар «Звезда.ру» пардозад.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар МНТ дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, нашри аснод таҳти унвони «Протоколи 32-20» ва дастури вазорати корҳои дохила, боиси ташвиш ва нооромӣ байни ҷонибдорону тарафдоронин ҳизб ва бахусус интихобкунандаҳои онҳо шудааст.

Ва ба ин далел ӯ ва раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки вакили МНТ ҳастанд, бо истифода аз ваколатҳои худ ба унвони Додситони кулл дархости вакилӣ ирсол кардаанд. Вай афзуд, танҳо баъди дарёфти посухи додситонӣ, метавонанд дар баробари саволҳои зиёди интихобкунандаҳо дар мавриди воқеияти ин аснод чизе бигӯянд.

Бо ин ҳол қарор аст баъд аз зӯҳри имрӯз ҷаласаи дигари изтирории Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Баъди нашри асноди мазкур дар сомонаи «Звезда.ру», ин чаҳорумин нишасти изтирории Шӯрои сиёсии ин ҳизб аст.

Ду ҳафта қабл сомонаи "Звезда.ру"-и Русия дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст.

Мақомот ин матлабро бӯҳтон номиданд. Рӯзи 7-уми март вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор намуд, ки додистонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи ин матлаби Звезда.ру-ро шурӯъ кардааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 40 ҳазор аъзо дорад ва яке аз ҷонибҳои сулҳи тоҷикон дар соли 1997 маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG