Пайвандҳои дастрасӣ

"Ғофил манишин, на вақти бозист..."


Рӯзи сешанбе, 28-уми феврал, дар Маҷлиси Намояндагон баррасии тарҳи қонун "дар бораи муассисаҳои таълимии томактабӣ ё кӯдакистонҳо" сурат гирифт.

Дар ин ҷаласаи порлумон намояндагони вазорати маориф, созмонҳои байнулмилалӣ ва гурӯҳи кории порлумон иштирок доштанд.

Ин дар ҳолест, ки мардуми Тоҷикистон ба кӯдакистонҳо ниёз доранд ва теъдоди онҳо дар 20 соли ахир нисбат ба даврони Шӯравӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ба ин лоиҳа пешниҳод шуд, ки кӯдакистонҳои алтернативӣ бо ҷалби бахши хусусӣ ташкил карда шавад.

Мо барои огоҳ шудан аз вазъи кӯдакистонҳо ба боғчаи бачагонаи №34-и шаҳри Душанбе рафтем. Дар ин бинои дуқабатаи сохти Шуравӣ рахти хоби холие вуҷуд надошт. Ба гуфтаи Сокина Ғуломова, раҳбари ин кӯдакистони тобеи идораи маорифи шаҳри Душанбе, дар ҳоли ҳозир талаботи мардум ба ин гуна муассисаҳо афзудааст. Вай илова кард, ки "талабот ба боғчаҳои кӯдакон зиёд аст. Ман 35 сол боз дар ин соҳа кор мекунам ва эҳсос мекунам, ки аксарияти кӯдакистонҳо фаъол нестанд. Ҳоло кӯдакистонҳои шахсӣ бисёр шудааст."

Сокина Ғуломова фарқ байни кӯдакистонҳои давлатӣ ва хусусиро чунин тавзеҳ ё шарҳ дод: "Хубии кӯдакистони хусусӣ дар он аст, ки таҷҳизот ва шароит нисбат ба кӯдакистони давлатӣ беҳтар мебошад ва шароити хеле мувофиқ барои кӯдакон фароҳам шудааст."

Ба ин фарқият Тоҷиннисо Маҳмадова, муовини вазири маорифи Тоҷикистон дар ҷараёни баррасии тарҳи қонуни нав дар бораи муасисаҳои таълимии томактабӣ дар
Тоҷиннисо Маҳмадова
Тоҷиннисо Маҳмадова
порлумон низ таъкид намуд. Хонум Маҳмадова дар бораи кӯдакистонҳои алтернативӣ ва хусусӣ чунин изҳори назар кард: "ҳоло талабот ба ин соҳа, яъне фарогирии фарзандон ба муассисаҳои томактабӣ афзудааст. Ба ин хотир, намудҳои алтернативии фаъол кардани муассисаҳои томактабӣ зарур аст ва ин лоиҳаи қонун метавонад мушкилиҳои қонунии ин соҳаро ҳал кунад."

Лайлӣ Мошерӣ, раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ (UNICEF) дар Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 338 муасисаи рушди кӯдак фаъол ҳаст, ки созмони ӯ ба 94-тои онҳо кӯмак мекунад. Вай афзуд, "ин марказҳо аз лиҳози иқтисодӣ арзонтар аст ва метавонад кӯдакони зиёдеро барои тарбия фаро бигирад. Пешниҳоди мо ин аст, ки ин марказҳо низ шомили ин лоиҳа шавад. Нуктаи дигар ин аст, ки кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус низ дар якҷоягӣ бо дигар кӯдакон дар марказҳои рушди кӯдак ва кӯдакистонҳои давлатӣ тарбия бигиранд, на дар ҷойҳои махсус."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00
Линки мустақим


Қодир Ҷабборов, намояндаи порлумон ва узви гурӯҳи корӣ пешниҳод кард, ки барои ҳалли мушкили кӯдакистонҳои хусусӣ ва муассисаҳои рушди кӯдак имтиёзи андозӣ дода шавад, то онҳо ба ҳавасмандӣ кор кунанд. Вай гуфт, "ҳамин маблағи кӯмаки волидайн ба кӯдакистон аз андозбандӣ бояд озод карда шавад. Ҳоло дар ин соҳа бахши хусусӣ зуҳур кардааст ва агар андозбандӣ лағв шавад, дар ин соҳа бахши хусусӣ фаъолтар хоҳад шуд."

Дар ҷараёни баҳсу баррасиҳо дар порлумон пешниҳод шуд, ки муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ хусусӣ шудаанд, дубора ба ихтиёри вазорати маорифи Тоҷикистон баргардонда шуда фаъол гарданд. Ҳамчунин дар ин лоиҳа барқарор кардани кӯдакистонҳои хусусии шабонарӯзӣ низ илова шуд, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъол буданд.
XS
SM
MD
LG