Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сояи Кремл мавҷҳои радиоро халалдор кард


Нахустазири Русия Владимир Путин ва сардабири “Эхо Москви” Алексей Венедиктов.
Нахустазири Русия Владимир Путин ва сардабири “Эхо Москви” Алексей Венедиктов.

"Фишор ба расонаҳо нишонаи асабонияти Кремл аз фазои эътирозомез дар ростои интихоботи президентист."

Чунин аст бардошти аксари коршиносон аз моҷарои бархоста дар атрофи иқдоми “Газпром-Медиа” ба тағйири ҳайати Шӯрои мудирони “Эхо Москви” – аз охирин минбарҳои ақидаҳои либералӣ дар Русия.

Дасти Путин?

Абри сиёҳи қаҳри Кремл болои “Эхо Москви” - яке охирин “ҷазираҳои озодии матбуот” дар Русияи кунунӣ – соя андохтааст, ки лағви ҳайати мудирони ин радиои озодандеш аз сӯи Газпром-Медиа” - шохаи матбуотии ширкати давлатии “Газпром” – нахустин тундараш шуд. Ба бовари бисёриҳо, ин абри сиёҳ баъдтар, шояд пас аз интихоботи 4 март, мунҷар ба борони селе хоҳад шуд, ки “Эхо Москви”-ро ба як расонаи зери назорати давлат табдил хоҳад дод. Онҳо мегӯянд, тағйири хатти машши ин радио дигар танҳо масъалаи вақт аст.

Сардабири “Эхо Москви” Алексей Венедиктов иқдоми рӯзи сешанбеи “Газпром-Медиа” – молики 66 дарсади саҳмияҳои ин радиоро талоши “касби назорат” бар шеваи пӯшиши интихоботи 4 март мешуморад.

Аммо ба ақидаи Венедиктов, ин иқдом ба нақши сардабирии ӯ ё сиёсати радио таъсир нахоҳад кард. Николай Сенкевич – мудири кулли “Газпром-Медиа” ҳам гуфтааст, ки масъалаи истеъфои Алексей Венедиктов матраҳ нест ва ширкаташ ҳатто омода ҳаст, пешниҳоди раҳбари телевизиони "Дожд" Наталя Синдеева ва миллиардер Михаил Прохоровро, ки мехоҳанд барои ҳифзи мустақилияти "Эхо Москви" саҳмияҳояшро аз “Газпром-Медиа” бихаранд, баррасӣ кунад.

Аммо дар маҳофили Русия ин иқдомро иқдоме сиёсӣ ва ҳамвор кардани роҳ барои табдили баъдии раҳбарияти “Эхо Москви” хонда, мегӯянд, фишори ахир аз як интиқоди сарвазир Владимир Путин маншаъ мегирад, ки моҳе пеш дар як раддубадали тунди лафзӣ бо Алексей Венедиктов “Эхо Москви”-ро ба хидмат ба манфиатҳои хориҷӣ айбдор кард: “Ман- ку аз шумо намеранҷам, ки маро аз субҳ то шом сиёҳ мекунед. Аммо ман ҳамагӣ ду калима гуфтам, ки шумо зуд ранҷидед.”

Бо ин ҳама, Венедиктов мӯътақид аст, ки дар иқдоми ахири “Газпром-Медиа” Путин мустақиман даст надорад. Дмитрий Песков, сухангӯи сарвазири Русия ҳам гуфт, ки лағви ҳайати мудирони “Эхо Москви” тағйиротест дар дохили ширкат ва ба интиқоди Путин аз ин радио ё ба мавқеъи нисбат ба Путин интиқодии “Эхо Москви” рабт надорад.

Горбачёв: Шармам меояд!

Аммо Леонид Парфёнов, журналисти маъруфи рус, мегӯяд, ин як тағйироти “сиёсии ошкоро”-ст. Евгений Ясин, як узви Шӯрои мудирони “Эхо Москви”, ки барканор шуд,
Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв
низ бар ин бовар аст, ки Кремл мехоҳад матбуотро таҳти назорати комили худ биорад. Президенти собиқи СССР Михаил Горбачёв низ дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмим дар бораи “Эхо Москви”-ро дар Кремл гирифтаанд: “Ин барои тамоми кишвар ва кулли ҷомиа як шармандагист. Бо радиое чунин рафтор карданд, ки мо ин қадар дӯсташ медорему қадраш мекунем. Ин як шаппотӣ ба рӯи афкори ҷомиа аст.”

66 дарсади саҳмияҳои “Эхо Москви” дар дасти “Газпром-Медиа” ва 34 дарсадаш дар ихтиёри ҳайати эҷодии ин радиост. “Эхо Москви” бо ин вуҷуд, бо интиқоди хеле бараҳнааш аз давлат шӯҳрат дошт ва дар байни радиоҳои ғайримусиқии ин кишвар пуршунавандатарин шумурда мешуд. Давлати бо саркӯбии матбуот номбаровардаи Путин, то ҳол ҳузури ин радиоро, ба ҳар сурат, тоқат мекард, вале ба назари ағлаб, бештар ба хотири намоиши ҳусни таҳаммулаш нисбат ба расонаҳои дигарандеш. Яъне ба таъбири маъруф, “Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!”

Калла ба ҷои... салла

“The New York Times” навишт, Кремл бовар дошт, ки ин “охирин ҷазираи озодии матбуот”-ро фақат зиёиёни норозӣ аз низом ва синфи миёнаи шаҳрнишин гӯш мекунанд, ки чандон сершумор ва дар сиёсат фаъол нестанд. Аммо эътирозҳои бесобиқаи ду моҳи ахир Кремлро тарсонд ва маҷбур кард, то расонаҳои бараҳнагӯе, чун “Эхо Москви”-ро низ лаҷом занад.

“The Financial Times” мегӯяд, дар пайи ин эътирозҳо аллакай раҳбарони радиои Сити-ФМ, телевизиони НТВ ва иттиҳодияи табъу нашри “Коммерсант” иваз ва як ток-шоу бо ширкати блогнависи мухолиф Алексей Навалний дар МTV баста шуда, инак, навбати “Эхо Москви” расид. Кумитаи дифоъ аз журналистон бо ҳимоят аз “Эхо Москви” гуфт, аз дасти давлат рафтани назорат бар афкори ҷомиа ҳақиқатест яқиншуда, ки сардамдорони Русияро чунин асабонӣ кардааст.

Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод, асосгузори хабаргузории “Тоҷинфо” дар Маскав мегӯяд, “Эхо Москви”дар инъикоси масоили доғи рӯз пештоз буд ва аз камшумор расонаҳоест, ки ба мухолифини давлат ҳам минбар медод. Вале ба ақидаи ӯ, моҷарои “Эхо Москви” бештар ба талоши нуфузҷӯии доираҳои олигархии Русия дар майдони матбуот рабт мегирад, то ба мавзеъи нисбат ба Кремл ва Путин интиқодии ин радио: “Фикр намекунам, ки масъала ҷанбаи сиёсӣ дошта бошад. Чунки дар Русия радиоҳои зиёде ҳаст, ки суханашон дар мавриди сиёсати ҳукумат ё ҳаводиси рӯзҳои охиру моҳҳои охир.”

Бо ин ҳол, ба назари ағлаб, табдили ҳайати мудирони “Эхо Москви” ҳатто агар амри худи Путин ҳам набошад, зердастони ҳамеша дастпешибари ӯ, тибқи маъмул, “ба ҷои салла калла” оварданд.
XS
SM
MD
LG