Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони бритониёӣ: "Кишвари зебо, аммо ноошно"


Ҷавонони бритониёие, ки аз Тоҷикистон дидан намуданд.
Ҷавонони бритониёие, ки аз Тоҷикистон дидан намуданд.

Шонздаҳ ҷавонони ихтиёрӣ аз Бритониё тайи 10 рӯзи гузашта аз Тоҷикистон боздид ва шаффофияти харҷи маблағҳои хайрияи ҳазорҳо шаҳрванди кишварашонро назорат кардаанд.

Cафари ҷавонони ихтиёрии бритониёвиро Созмони "Акт-Осиёи Миёна", намояндагии созмони "Кристиан Эйд" дар Тоҷикистон ташкил кардааст.

Дориюш Павел, раҳбари ин созмон дар Тоҷикистон гуфт, "мо ҳамеша ба хайркунандагони худ ҳисобот медиҳем. Аммо шунидан кай бувад монанди дидан. Ин ҷавонони ихтиёрӣ бо чашми сар диданд, ки маблағҳои хайрия ба куҷо меравад ва метавонанд дар ин бора ба мардуми Бритониё нақл кунанд."

Дориюш мегӯяд, онҳо ният доранд, дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳафтаи ҷамъоварии хайрияро дар Бритониё баргузор кунанд. Дар назар аст, ин ҷавонони ихтиёрӣ дар ин маъракат иштирок ва ба мардуми Бритониё фаҳмонанд, ки Тоҷикистон кишварест, ҳама имкони рушдро дорад. Вале ҳамзамон фақру нодорӣ ҳоло дар ин ҷо зиёд аст ва кӯмакҳои хайрия метавонад зиндагии одамонро ба таври мусбат тағйир бидиҳад.

Сам Ирвин
Сам Ирвин
Сам Ирвин, яке аз 16 нафар ҷавони ихтиёрии бритониёӣ, ки тӯли 10 рӯз аз Тоҷикистон боздид кардааст, мегӯяд, пеш аз сафар дар бораи ин кишвари Осиёи Марказӣ камтар медонист. "Ҳаминро медонистам, ки ин кишвар ҷузъе аз Шӯравии пешин аст ва ҷанги шаҳрвандиро пушти сар гузоштааст. Танҳо пеш аз сафар аз кадом саҳфаи интернетӣ маълумот ёфтам, ки дар Тоҷикистон милаи аз ҳама баланди парчами миллиро сохтаанд",-афзуд ӯ.

Вай илова кард, ки "агар мардуми Бритониё дар бораи Тоҷикистон маълумоти бештар пайдо кунанд, бовар дорам, сафи сайёҳон ба ин кишвар бештар мешавад. Чунки маконҳои диданӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва кишвар дорои имкониятҳои бисёре барои рушди сайёҳӣ мебошад."

Натали Грамм, як ҷавондухтари ихтиёрӣ, ба зиндагӣ ва кори занони тоҷик таваҷҷӯҳи бештар кардааст. Ӯ мегӯяд, "маро ҷасорату матонати занони тоҷик тасхир намуд."

Натали Грамм ҳамчунин гуфт, ӯ бо заноне вохӯрдааст, ки тавассути кӯмаки "Акт-Осиёи Миёна" зиндагии худро хеле беҳтар карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил мешаванд. Аммо ҳамзамон занонеро дидааст, ки бори зиндагиро бо чор фарзанд танҳо мекашанд, чун ҳамсарони онҳо дар
муҳоҷират қарор дорад. "Онҳо на имкони ҳуқуқии барпо кардани оилаи нав ва ситонидани алиментро доранду на манзили шахсии худашонро",-мегӯяд ин шаҳрванди Бритониё.

Бояд гуфт, даҳҳо нафар хонаводаҳои камбизоат дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз кӯмакҳои "Акт-Осиёи Миёна" бархӯрдор шудаанд. Раҳима, як зани ҷавони тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ӯ бо кӯмаки ин созмон гармхона харидорӣ карда ва аз роҳи парваришу фурӯши сабзиҷот вазъи зиндагияшро беҳбуд бахшидааст.

"Акт-Осиёи Миёна" созмони байнулмилалии бритониёист, ки дар бештар аз 50 кишвари ҷаҳон барои коҳиши камбизоатӣ ва ноадолатӣ талош мекунад.
XS
SM
MD
LG