Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет. Корбарони тоҷик ҷасуртар шудаанд


Ба гуфтаи масъулони САҲА дар Душанбе, теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Ва ширкати корбарони интернет дар баҳсҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ва ҷасорати онҳо дар баёни андешаҳои хеш назар ба чанд сол пеш ба маротиб бештар шудааст. Назарсанҷиии ахир нишон додааст, ки ошкорбаёнии хонандагон умдатан аз тариқи сомонаҳои интернетии Озодӣ, Би-би-сӣ, Азия-Плюс ва дигар расонаҳои электронӣ густариш меёбад.

Михаил Уланд, корманди бахши интернет ва афкори ҷомеъаи САҲА дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: «Мо ин назарсанчиро аз рӯи кори сомонаҳои машҳуру пурхонандаи Тоҷикистон, масалан радиои «Озодӣ», Бӣ-Бӣ-Сӣ, «Азия Плюс» ва дигарон анҷом додаем. Воқеан дастрасии мардуми Тоҷикистон, аз 10 соли пеш ба интернет ва дигар фановариҳои иттилоърасонӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст. Масалан радиои «Озодӣ»-ро бигирем. Сомонаи "Озодӣ" гувоҳи он аст, ки мардумро як такони ҷиддӣ додааст. Назарҳои мухталифро мешавад дар онҷо пайдо кард. Дигарандеширо мешавад пайдо кард, ки ин як қадами хеле маҳкам ҷониби демократия ва озодии баён дар ин кишвар мебошад.»

Ин нуктаро таҳлилгари тоҷик Абӯали Некрӯзов низ тасдиқ мекунад ва мегӯяд: «Воқеан мо, ки корамонро субҳ аз дидану хондани торнамои Озодӣ, Би-си-сӣ, Азия-Плюс, Таҷ -нюз ва дигарон шуруъ мекунем,
Пойгоҳи интернетии ҳафтаномаи "Миллат"
Пойгоҳи интернетии ҳафтаномаи "Миллат"
мебинем, ки дар поварақи қариб ҳамаи мақолаву гузоришҳои ин сомонаҳо, бештар дар сомонаи Озодӣ то 100 ҳатто 200 коммент ё назарҳои хонандаҳо гузошта шудааст. Ҳарчанд бисёриҳо номашонро наменависанд ва бо ҳар хел лақабу тахаллус менависанд, лекин муҳимаш ин аст, ки менависанд. Дар канор будан намехоҳанд. Бисёр фикрҳои ҷолибу ҷиддӣ менависанд. Пешниҳодҳо мекунанд.”

Ҳамзамон ҷаноби Некрӯзов ба он ишора мекунад, ки расонаҳои ба истилоҳ нав, аз як сӯ аз тарафи мақомоти давлатӣ нодида гирифта мешаванд ва аз сӯи дигар, баръакс ҳадафи фишору маҳдудиятҳо қарор мегиранд: ”Ман дар конфронси САҲА иштирок доштам, онҷо дар бораи накши расонаҳои пурхондатарин чун Озодӣ, Азия-Плюс ва дигарон гуфта шуд, ки воқеан барои дигарбаёниву озодандешии мардум нақши такондихандае мебозанд онхо. Вале чизи дигар таъсири ин назарҳо аст. Хайр мешаванд ҳолатҳое, ки роҳбарон ва масъулони вазортхонаҳо ин сайтҳоро мехонанд, вокуниш нишон медиҳанд, ҳатто рӯзноманигоронро барои ин мақолаҳо фишор ҳам меоранд, лекин бисёр вақт мебинем, ки то ин матлабҳои муҳимро аз сомонаҳо гирифта рӯзномаҳо чоп накунанд, масъулин ягон хел вокуниш нишон намедиҳанд ва хомӯшанд. Яъне худи ҳамин вазоратҳову идораҳо худашон ҳоло ба интернет дастрасӣ надоранд ё аз он дуруст истифода бурда наметавоанд.

САҲА: "ҲУКУМАТҲО АЗ ОЗОДИИ БАЁН МЕТАРСАНД"

Ин дар ҳолест, ки ахиран масъули САҲА оид ба расонаҳо ва афкори ҷомеъа хонум Дуня Мятович дар 13 -умин ҳамоиши минтақавии ВАО дар Душанбе дар ин замина чунин изҳори назар кард: «Сарфи назар аз он, ки 56 кишвари аъзои САҲА розианд, ки ҳуқуқи инсонро дар кишварҳои худ ҳимоя кунанд. Вале дар асл, чунин нест. Ҳукуматҳо аз озодии баён ва фановариҳои иттиллоърасонии ҷадиду мустақилу озод метарсанд. Барои
Дуня Миятович
Дуня Миятович
ҳамин ҳам чунин имкониятҳоро барои шаҳрвандони худ танг мекунанд ва чунин расонаҳо ва фановариҳоро, ки тариқи онҳо дигарандешии мардум баён мегардад, мебанданд ва ё ба фишор меоранд ба онҳо. Шахсан ман ин гуна мавқеъгириро бохт меҳисобам, чунки мардум меёбанд роҳу воситаи баёни андешаи худро»

Дар пайи афзоиши рӯзафзуни дастрасӣ ба интернет, соҳибназарон бар ин боваранд, ки дар шароити феълӣ, маҳз он метавонад ба василаи рушди озодии баён дар Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон табдил ёбад. Ин коршиносон пӯшиши мунсифонаи таҳаввулоти ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз қазияҳои додгоҳии журналистон - Муҳаммадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмонов гирифта, то боздошту раҳоии халабонҳои ширкати русӣ ва таъсири қазия рӯйи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва ҳамин тавр мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро дар интернет аз омилҳое медонанд, ки ба бедории фикрӣ, худшиносӣ ва огоҳии ҳарчӣ бештари ҷомеа таъсир хоҳанд гузошт.
XS
SM
MD
LG