Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, интизори озодии халабонҳост


Вазири дифои Русия Анатолий Сердюков
Вазири дифои Русия Анатолий Сердюков

Расонаҳои Русия хабар додаанд, ки халабонҳои ширкати «Ролкан» ба зудӣ озод хоҳанд шуд.

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Анатолий Сердюков дар Алмато изҳор доштааст, ки аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтааст, масъалаи озодии халабонҳо Владимир Садовничий ва ҳамкори эстони ӯ Алексей Руденкоро "ба таври мусбат" ҳал кунад. Дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия бо пахши ин хабар афзудааст, Хайруллоев ин матлабро дар посух ба пешниҳоди Сердюков барои "иқдоми амалии раҳоии халабонҳо" дар миён гузошт.

Рӯшан нест, дар кадом замина масъалаи халабонҳо аз ҷониби раисиҷумҳур бар дӯши вазири дифоъ гузошта шуда ва ҳамтои руси ӯ зери ибораи "иқдоми амалии раҳоии халабонҳо" чиро, ба ҷуз аз комилан
Дар Тоҷикистон ба садои ақл гӯш хоҳанд дод ва фаврӣ ба муносибати манфии ҷомеаи Русия ба ҳукми сахти зидди халабонҳо Владимира Садовничий ва Алексей Руденко вокуниш хоҳанд кард...

нодида гирифтани муҳокимаи додгоҳ, дар назар дорад. Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи "Известия"-и чопи Маскав навишт, Садовничий бидуни ҳуҷҷат парвоз мекард ва метавонист на танҳо дар Тоҷикистон, балки ҳар кишвари дигаре боздошт шавад.

Дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия гуфтааст, Хайруллоев ва Сердюков масъалаи халабонҳоро баъд аз поёни иҷлоси 61-уми Шӯрои вазирони дифои ИДМ дар Қазоқистон баррасӣ карданд. Дар мулоқоти онҳо ҳамчунин масъалаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва, бино бар хабари расмӣ, «зарурати фароҳам овардани шароити беҳтар барои пойгоҳи ҳарбии Русия» баррасӣ шудаанд.

Бино бар хабари Шабакаи аввали телевизиони Русия низ, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ҳукми халабонҳои ширкати «Ролкан» бознигарӣ шавад. Ва Додситонии кулли Тоҷикистон ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ зидди сардори ин ширкат Сергей Полуяновро «овоза» номид ва рад кардааст. Расонаҳои гурӯҳии Русия мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ба халабонҳо ҳукми «аз кам ҳам камтар» содир гардад.

Ин дар ҳолест, ки Думаи давлатии Русия рӯзи 17-уми ноябр алайҳи ҳукми додгоҳи Тоҷикистон изҳороти шадидуллаҳн нашр намуд. Пешнависи ин санадро Ҳизби либерол-демократи Владимир Жириновский омода карда, пойфишорӣ ба он дошт, ки рӯйи шадидтарини шакли раъйдиҳӣ шавад. Аммо аксарияти Дума аз қатъномае ҳимоят кард, ки лаҳни он аз матни пешниҳодии либерол-демократҳо нармтар буд.

Дар ин иҳзорот вакилон «ҳамрайъии комили худро ба ниҳодҳои давлатии Федерасиюни Русия, маҳофили сиёсӣ ва ҷомеа» баён дошта, гуфтаанд, ҳукми ҳабси халабонҳо «беасос ва машрут ба сиёсат» буда, вокуниши «шадидан манфиро ба вуҷуд овардааст.» Вакилони порлумони Русия гуфтаанд, бо ин ҳукм ба коршарикии стартегии миёни ду кишвар зарба ворид шуд. Онҳо ин «зарба»-ро «андешаи то ба охир ҳисобнашудаи конъюнктурӣ» номидаанд. Манзур аз ин ишора шарҳ дода нашудааст.

Дар поёни изҳороти худ, вакилони Думаи Русия изҳори умедворӣ кардаанд, ки «дар Тоҷикистон ба садои ақл гӯш хоҳанд дод ва фаврӣ ба муносибати манфии ҷомеаи Русия ба ҳукми сахти зидди халабонҳо Владимира Садовничий ва Алексей Руденко вокуниш хоҳанд кард.» Ин изҳорот бо касби аксари кулли раъйҳо ба тавсиб расид.

Ҳамзамон чанде аз нашрияҳои Русия гуфтаанд, теъдоди муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик дар Русия ба 1500 нафар расидааст, аммо ин адад ғайрирасмӣ буда, имкони санҷиши он мавҷуд нест. Ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар панҷ рӯзи охир 57 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд. Сарпизишки Русия Геннадий Онишенко пешниҳод кардааст, ки вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия комилан манъ гардад, зеро онҳо, ба гуфтаи Онишенко, паҳнкунандагони бемориҳои вогир ва хатарзое монанди сил ва СПИД-анд.

Ин ақидаи санитари асосии Русияро губернатори вилояти Киров Никита Белих рад кардааст. Вай дар торнигори радиои «Эхо Москви» навишт, пас аз ин изҳороти Онишенко аз муовини худ дар умури беҳдошт арқому оморро хостааст. Бино ба ин омор, дар вилояти Киров дар солҳои 2010 ва 2011 ягон (!) шаҳрванди Тоҷикистон, ки гирифтори сил, ВИЧ ё ҳатто бемориҳои оддии сироятӣ бошад, кашф нашудааст. Охирин бор, тибқи ин иттилои расмӣ, шаҳрванди бемори Тоҷикистон дар вилояти Киров дар соли 2009 пайдо гаштааст.

Ҳокими ин вилоят феҳрасте аз шумораи муҳоҷирони бемор аз чанд кишварро барои муқоиса мунташир кардааст, ки ниёз ба шарҳ надорад. Бо вуҷуди ин изҳороти Онишенко дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон шарҳи тавҳиномезеро нисбати тоҷикон ба дунбол овард.

Аммо дар робита ба эҳтимоли озодии халабонҳо як шумори қобили мулоҳизаи хонандагони торнамои Радиои Озодӣ навиштаанд, ҳоло дигар мухолифи «раҳоии осон»-и онҳоянд ва ин иқдом шояд ба беҳбуди вазъи муҳоҷирон кӯмаке кунад, ҳарчанд гумон аст, вале аз сӯи дигар ба эътибори байнулмилалии Тоҷикистон латма ворид мекунад ва ҳадсу гумону тахмину тӯҳматҳоро дар ҳаққи кишвар тасдиқ мекунад.

Гурӯҳе аз мубоҳисон дар шабакаи Фейсбук гуфтаанд, чунин гардишҳо низоми додгоҳу адлияи Тоҷикистонро дар чашми ҷаҳониён муттаҳам ва номустақилу ғайриҳирфаӣ ҷилва хоҳад дод. Зимнан оё Шумо, хонандаи арҷманд, дар ин мавзӯъ чӣ назар доред?
XS
SM
MD
LG