Бо ин пешниҳод гурӯҳе аз рӯшангарони тоҷик, ки дар Фейсбук ҷомеаи пӯшидаи КИТ -- “Конунии Ислоҳталабони Тоҷикистон” (“Клуб Интеллектуалов Таджикистана”)-ро ба президентҳои Русияву Тоҷикистон, сарвазир, дабири Шӯрои амният, раиси Думаи давлатӣ ва дигар раҳбарони Русия руҷӯъ карда, ҳамчунин нусхаи номаи худро ба сарони
Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Шӯрои Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар Русия ва Тоҷикистон фиристодааст. Бо интишори матни додхости дастаҷамъона дар шабакаи ҷаҳонии интернет муаллифони он аз ҳамагон хостаанд, агар нукоти ин ариза ҳимоят мекунанд, зери он имзо гузоранд.
“Қатли бераҳмона ва навбатии шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав, -- менависанд муаллифон, -- моро маҷбур кард, на танҳо таваҷҷӯҳи ҳукумати Русия, балки диққати ниҳодҳои байнулмилалиро ба мушкиле ҷалб кунем, ки аз нигоҳи мо, кайҳост, аз чаҳорчӯби миллӣ фаротар рафт.”
Бо ишора ба кашфи ҷасади Ҷонибек Қосимови 24-сола бо даҳҳо захми корд дар бадан ва бо гардани бурида, муаллифони нома изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чунин рӯйдодҳо дар Русия дар ҳоли афзоиш аст ва гурӯҳҳое масъулин ҷиноятҳоянд, ки ба ақидаи худашон, мехоҳанд, Русияро аз намояндагони “фарҳанг ва дини дигар” пок кунанд. Ба ин сабаб муҳоҷирон аз Осиё, Қафқоз ва кишварҳои Африқо ҳарчӣ бештар ҳадафи ин зулм қарор мегиранд.
Дар нома ба нақл аз натиҷаҳои таҳқиқи маркази иттилоотию таҳлилии «СОВА» омадааст, ки дар ҳашт моҳи соли 2011 15 нафар аз дасти нажодпарастон дар Русия кушта, 80 нафар захмӣ ва ба 7 нафар таҳдиди марг шудааст. Аммо, афзудаанд муаллифон, “метавон ҳадс зад, ки теъдоди чунин ҳамлаҳо хеле бештар аз ин аст. Танҳо ба Тоҷикистон, бино ба иттилои Вазорати умури дохилии ин кишвар, имсол аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади беш аз 50 нафар оварда шуд, ки бо марги иҷборӣ мурдаанд. Аксари онҳо, эҳтимолан, қурбони бегонаситезӣ шудаанд.”
Ба ақидаи муаллифони додхости дастаҷамъона, бегонаситезӣ дар Русия барои он дар ҳоли афзоиш аст, ки мақомоти давлат ба он эътибори ҷиддӣ намедиҳанд ва чунин гурӯҳҳо созмону ниҳодҳои расмӣ таъсис дода, дар варзишгоҳу марказҳои расмӣ, ҳатто мансуб ба вазоратҳои қудратии Русия тамрин мекунанд. Далели ин гуфтаҳо аз филми
«Русское сопротивление», оварда мешавад, ки аз тарафи худи нажодпарастон рӯи навор омада, дар шабакаи интернет пахш шудааст. Онҳо зери шиори «Русия барои русҳо» амал мекунанд, дар ҳоле ки Русия як кишвари сермиллат ва гуногунмазҳаб буда, дар он зиёда аз 180 гурӯҳи қавмӣ ба сар мебарад.
Муаллифони хитоба аз он изҳори яъс мекунанд, ки намояндагони чунин гурӯҳҳо зери шиорҳои зидди муҳоҷирону бегонагон ва бартарии як қавм бар дигарон вориди саҳнаи сиёсӣ мешаванд ва барои амалкардҳои ваҳшатангези фашистони нав пуштвона сиёсӣ фароҳам меоранд ва онҳоро илҳом мебахшанд. Умдатан беҷазо мондани чунин ҷиноятҳо ё бо муҷозоти нарм раҳо шудани омилони онҳо сабаби дигари афзоиши бегонаситезӣ дар Русия шумурда шудааст.
Даҳҳои созмону гурӯҳи нажодпарасти Русия акнун дар эътилофу иттиҳодияҳои бузургтар сарҷамъ шудаву расман парчами империяи садаи 19-и Русияро рамзи худ интихоб кардаанд. Онҳо, ки худро «партизанҳои рус» меноманд, мегӯянд, бо ҷаҳони «ғайрисалвян» дар ҳоли ҷанганд ва дар видеоҳои бешумори худ дар интернет на танҳо нафрату кароҳат ба бегонагонро таблиғ мекунанд, балки ба насли ҷавон тамрини бадан ва истифода аз силоҳро дарс медиҳанд.
“Мо бар инем, ки имрӯз таҳдиде, ки аз созмонҳои нажодпарасти Русия бармехезад, аз таҳдиди тундгароии исломӣ ба оромии ҷамъият камтар нест. Вале агар барои мубориза бо дувумӣ нерӯ ва василаҳои бузурге сафарбар шудааст, ба чораҳои зидди неонатсизм дар Русия таваҷҷӯҳи ба маротиб камтар дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки қатли ваҳшиёнаи намояндагони халқҳои ғайриславянро низ метавон ба зумраи амалҳои террористӣ шомил кард, зеро мақсади онҳо тарспароканӣ ва ба ваҳшат овардани мардуми ақвоми дигар аст.”
Дар бахши даъвату тавсияҳо аъзои гурӯҳи фейсбукии рӯшангарони тоҷик аз ҳукумати Русия ва раисиҷумҳури ин кишвар хостаанд, ба фаъолияти созмонҳои миллатгаро, ки зери шиорҳои демократии ҳифзи ҳуқуқи аҳолии бумӣ амал мекунанд, диққати бештар диҳанд. Ин гурӯҳҳо ва ҳам пуштибонии мустақиму ғайримустақими баъзе сиёсатмадорони рус аз онҳо ба тахриби равобити Русия бо кишварҳои дигар сабаб мегардад.
Муаллифон аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ, қатъи назар ки дар куҷоянд, мавзеи оштинопазир ва қавӣ гирад. Онҳо аз созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон таҳқиқи мустақилонаи қатли Ҷонибек Қосимовро тақозо намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кардаанд, ки ба чунин рӯйдодҳо ва куллан вазъи муҳоҷирон, аҳли хонаводаи онҳо ва паноҳандагон дар Русия баҳои рӯшану ошкоро диҳад.
Матни додхости дастаҷамъона:
ба забони тоҷикӣ
ба забони русӣ
ба забони англисӣ
Муаллифони Хитоба ба президентҳо, ҳукуматҳо, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва созмону ниҳодҳои байнулмилалӣ аз мардум хостаанд, ба зери ҳар яке аз ин матнҳои се забони гуногун имзо гузоранд.
Мо бар инем, ки имрӯз таҳдиде, ки аз созмонҳои нажодпарасти Русия бармехезад, аз таҳдиди тундгароии исломӣ ба оромии ҷамъият камтар нест...

Ин дар ҳолест, ки қатли ваҳшиёнаи намояндагони халқҳои ғайриславянро низ метавон ба зумраи амалҳои террористӣ шомил кард, зеро мақсади онҳо тарспароканӣ ва ба ваҳшат овардани мардуми ақвоми дигар аст...