Пайвандҳои дастрасӣ

Бистумин солгарди табаддулоти ГКЧП


Сарони табаддулоти давлатӣ (аз чап) вазири умури дохилии СССР Борис Пуго, ноиби президенти СССР Геннадий Янаев ва Олег Бакланов, ноиби аввали раиси Шӯрои мудофиаи СССР дар нишасти хабарӣ, Маскав, 19-уми августи соли 1991.
Сарони табаддулоти давлатӣ (аз чап) вазири умури дохилии СССР Борис Пуго, ноиби президенти СССР Геннадий Янаев ва Олег Бакланов, ноиби аввали раиси Шӯрои мудофиаи СССР дар нишасти хабарӣ, Маскав, 19-уми августи соли 1991.

20 сол пеш дар ин шабу рӯз гурӯҳе аз сарони ҳизбӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ даст ба табаддулоти давлатӣ заданд.

Онҳо таҳти сарварии ноиб-президенти СССР Геннадий Янаев ба ҳабси хонагии президенти ин кишвар Михаил Горбачёв дар осоишгоҳи Фороси Қрим дастур доданд ва хостанд, зимоми давлатдориро ба дасти худ гиранд.

Аммо мухолифати шадиди демократ ва ислоҳталабони Русия бо сарварии раиси вақти Шӯрои Олии Русия Борис Елтсин ва сарпечии нерӯҳои мусаллаҳи шӯравӣ аз саркӯб кардани норозиён табаддулоти ГКЧП (Государственная Комиссия Черезвичайного Положения) дар давоми се рӯз табаддулотро ба шикаст рӯбарӯ кард.

Ин се рӯз барои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки зимни сиёсатҳои бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачёвӣ бо авҷи рақобат миёни нерӯҳои коммунистӣ ва ҷунбишҳои навпои мардумӣ мувоҷеҳ буданд, рӯзҳои ҳассосе буд, ки сангарнишинони ду ҷонибро рӯшан кард.

Чанде баъд бо иттиҳоми пуштибонӣ аз табаддулоти давлатӣ бархе аз раҳбарони ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳури ин кишвар Қаҳҳор Маҳкамов аз мақомашон маҳрум шуданд, аммо рӯёрӯии андешаӣ ҳамоно идома кард ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 сабаб гардид.

Дар ин видео ҳолу ҳавои он рӯзҳо ва назари шоҳидону таҳлилгаронро ба воқеаи муҳими таърихӣ хоҳед дид ва шунид.

Вақте дар Маскав табаддулот шуд...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:10 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG