Онҳое, ки аз фирори гурӯҳии маҳбусон изҳори хурсандӣ мекунанд, мегӯянд, ин натиҷаи муҳокима ва ҳукмҳои додгоҳии ноодилона аст. Ба ақидаи онҳо, ин ягона роҳе буд, то маҳбусоне, ки ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, эътирози хешро аз ноҳаққӣ баён доранд.
Онҳое, ки аз шикасти низоми маҳбасдории Тоҷикистон зимни ин воқеа сахт ғамгинанд, мегӯянд, ҷинояткорони ашаддӣ ҷинояти дигаре карданд, ҳоли ҷомеаро ба ҳам заданд ва бояд дигар ба онҳо раҳме напарвард. Яке ҳатто менависад, агар ӯ маҳбуси гурезаеро даст гирад, реза-резааш мекунад.
Албатта, ҳар шахс ҳақ дорад, ба гунае ки дуруст мешуморад, биандешад ва назари худро баён кунад, пас, иҷоза диҳед, бо истифода аз ҳамин ҳақ бигӯям, ки ин воқеа мутлақан ҷое барои хушҳолӣ ва шодию фараҳ надорад. Аз ҳар кадом зовия, ки ба он бингарем, фақат фоҷиаро мебинем. Фоҷиаи миллат, ҷомеа, ҳукумат, додгоҳу адлия ва ҳатто фоҷиаи худи онҳое, ки фирор карданд. Онҳо агар ҳатто бегуноҳ буданд, аз лаҳзаи кушта шудани аввалин нозири маҳбас дигар абадан наметавонанд, худро бегуноҳ шуморанд ва дар назди виҷдони хеш поку осуда бошанд.
Магар кушта шудани 5 нозири зиндон ҷое барои тамасхур боқӣ мегузорад? Кӣ замонат медиҳад, ки фардо шумо баъд аз бархостан аз паси компютер дар интернет-кафе ва раҳораҳу хаёлан қаҳқоҳ задан ба навиштаи хурсандонаи хеш дар тангкӯчаи аввалин бо яке аз ин фирориён рӯбарӯ намешавед? Ё кафолате ҳаст, ки дигаре аз онҳо, ҳамчун ҷонвари захмии рондашуда ба кунҷак, лоилоҷона наздикони Шуморо гаравгон намегирад? Магар ин роҳи хун нест? Ё хун ба хун?
Фикр намекунам, нидоҳои хурсандию нақизаҳои пурфараҳ ба нокомии ҳукумат ва низ ҳукмҳои тунду ҳимояти бечунучаро аз ҳамин ҳукумат – ҳарду нишонаи афкори солими иҷтимоӣ ва сатҳи баланди маърифат бошанд. Ҳамон гуна ки фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳ, зуҳури постгоҳҳои мусаллаҳ ва бурузи овозаҳои гуногун дар вуҷуди аксарияти мардуми мо эҳсосоти солҳои нооромро ангехт, чунин ифроту тафрит дар баёни андеша низ водор мекунад, ки кас аз пешомадҳои эҳтимолан ногувори ҷомеаи Тоҷикистон дарунакӣ такон бихӯрад.
Ҷомеа тақсим аст. Ҳанӯз ҳам тақсим аст ба “мо” ва “онҳо”, ба “худиҳо” ва “бегонаҳо”. Ҳама бадии худиҳо барои мо хуш аст ва ҳама накӯии бегонаҳо барои мо бад.
Аммо ҳадс мезанам, чунин сангаргароӣ дар ин ҳодиса сабаби дигаре ҳам дошта метавонад. Камбуди иттилои дақиқу комил ва рӯшану ошкор. Ҳукумат, агар мадади мардумашро дар боздошти гурезаҳо дархост мекунад бояд ҳама чизро, бе пинҳон доштани хурдтарин ҷузъиёт, ба ин мардум рӯшану фаҳмо бигӯяд ва ба ҳамаи пурсишҳо аз сидқи дил посух бидиҳад. Ин як пайти тилоии гуфтугӯи рӯшоди ҳукумат бо мардумаш буд, ки метарсам, боз ҳам аз даст дода шуд.
Ва ҳам ин пайте буд, ки садҳо ҳазор нафар аз маҳбаси андешаҳои якҷонибаи худ фирор ва аз ифроту тафрит парҳез кунанд. Роҳи дарози парвариши эҳтиром ба қонун ҳамчун ягона марҷаъ ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои шаҳрвандон шояд аз ҳамин нуқтаи фирор аз маҳбаси андешаҳои одатӣ сар шавад. Фирор на ба сӯи ғорҳову торикиҳо, балки қасрҳову рӯшаниҳо...