Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Худойбердиев – хатар ё шабаҳ?


Хабари сӯиқасд ба ҷони мири Турсунзода бори дигар ангушти иттиҳом ба сӯи Маҳмуд Худойбердиев баланд карданд ва номи ӯро дигарбора вирди забонҳо кард. Оё сарҳанги ошӯбгар дубора, ба саҳна бармегардад ва ё дар ростои интихоботи порлумонӣ ва маъракаи “Роғун” ба хӯсаи “таҳдиди беруна” табдил меёбад?

Шабаҳи сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, тавре ба назар мерасад, дигарбора дар саҳна зоҳир мешавад. Ва он ҳам дар пешорӯи интихоботи порлумонии Тоҷикистон ва маъракаи аз он ҳам бузургтаре, ки Душанбе ба хотири бо нирӯи худ оғоз кардани бунёди
Душанбе ба хотири дар муқобили таҳдидҳои дохиливу берунӣ муттаҳид кардани мардум як роҳи озмуда, вале хеле соддаро пеш гирифтааст. Онҳо симои душманро метарошанд, ба эҳсосоти миллӣ ва дардҳои таърихии мардум нохун мезананд...
нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳими Роғун шурӯъ кардааст. Коршиносон хабари ҷилавгирии мақомот аз як талоши сӯиқасд ба ҷони Баракатуллоҳ Аҳмадов, узви Маҷлиси миллӣ ва раиси ҳукумати ноҳияи марзии Турсунзодаро аз ҳамин зовия қобили арзёбӣ медонанд.

ХАБАР

Муҳаммадҷон Нарзиев, корманди дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, як сокини 55-солаи Турсунзода шоми чоршанбе бо 770 грамм тротил ва ду телефони мобиле, ки таркиши ин маводи мунфаҷира бояд тавассути онҳо анҷом мешуд, дастгир шудааст.

МАКОН

Ноҳияи Турсунзода дар гузашта аз пойгоҳҳои гурӯҳҳои содиқ ба Маҳмуд Худойбердиев маҳсуб мешуд ва ҷангиёни ӯ дар солҳои 90 ду дафъа ин шаҳр ва корхонаи алюминсозӣ, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистонро, ки низ дар ҳамин минтақа ҷойгир шудааст, тасарруф карда буданд. Таҳлилгари тоҷик Амруллоҳи Собир мегӯяд, ҳадафи ин сӯиқасд рӯшан аст ва ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумони Тоҷикистон ва талошҳои ахири Душанбе бармегардад, ки тасмим гирифтааст алорағми хостҳои Узбакистон нирӯгоҳи Роғунро бисозад.

Аркадий Дубнов
Аммо Аркадий Дубнов, хабарнигори рӯзномаи “Время новостей”, чопи Маскав мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, ки Тошканд дигарбора роҳҳои эҳёи равобит бо Ғарб, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Амрико дар масъалаи Афғонистонро меҷӯяд, аз нав ба бозӣ кашидани қартаи Маҳмуд Худойбердиев ва эҷоди боз як манбаъи дигари ташаннуҷи вазъ дар минтақа ғояти кӯтоҳбинии сиёсӣ аз ҷониби Тошканд мебуд.

Ӯ мегӯяд, ин худи мақомоти Тоҷикистонанд, ки ба хотири таъмини ҷалби мардум ба тарҳи нирӯгоҳи Роғун пой ба пайроҳаи, ба эътиқоди оқои Дубнов, хатарноке гузоштаанд: “Маҳз дар Душанбе бештар мехоҳанд қазияро чунин нишон диҳанд, ки Узбакистон ба хотири халал овардан ба тарҳи бунёди нирӯгоҳи Роғун аз ягон васила парҳез нахоҳад кард: на аз сӯиқасду куштор ва на аз амали террористӣ. Ин роҳи душмансозист. Душанбе ба хотири дар муқобили таҳдидҳои дохиливу берунӣ муттаҳид кардани мардум як роҳи озмуда, вале хеле соддаро пеш гирифтааст. Онҳо симои душманро метарошанд, ба эҳсосоти миллӣ ва дардҳои таърихии мардум нохун мезананд. Ин дар оянда оқибати хубе нахоҳад дошт.”

Мақомот феълан аз ироаи ҷузъиёти зиёди қазияи сӯиқасд ба ҷони раиси ноҳияи Турсунзода худдорӣ мекунанд, вале бино ба оморҳои дарёфтӣ, танҳо дар соли ҷорӣ ин нӯҳумин мавриди боздошти афрод бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Тоҷикистон будааст.

ТЕЪДОД

Дар тобистони соли гузашта якбора ҳамин тавр, 17 тан аз ҷангиёни Худойбердиев ба дасти мақомоти Душанбе омад.
Мақомот мегуфтанд, ки ин афродро худи ҷониби Узбакистон боздошт ва таслим кардааст. Тошканд аз ҳар навъ ташреҳи қазия худдорӣ кард, вале ба гуфтаи бархе манобеъи мутталеъ, боздошти ин 17 нафар дар натиҷаи як амалиёти нирӯҳои вижаи Тоҷикистон дар атрофи Деҳнав муяссар шудааст.

Бо ин ҳол, мақомоти тоҷик пайваста аз адами ҳамкории ҳамтоёни узбаки худ дар роҳи боздошт ва истирдоди Маҳмуд Худойбердиев ва ёрони ӯ шикоят мекунанд. Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов соли гузашта дар як нишасти хабарӣ дар ин маврид, ба қавле, хеле алам кард.

Ва аммо, тавре маълум мешавад, нороҳатии Душанбе аз Тошканд дар ин масъала то ҳол боқист ва вазири умури дохилаи Тоҷикистон
Абдураҳим Қаҳҳоров
Абдураҳим Қаҳҳоров моҳи ноябр дар як нишасти минтақавии амниятӣ боз ҳам аз ҳамсояҳо шикоят кард, ки дар амри боздошт ва истирдоди афроди муттаҳам ба ҷиноёти давлатӣ ҳусни кофии ҳамкорӣ нишон намедиҳанд: “Тибқи маълумоти фаврие, ки мо дар ихтиёр дорем, бархе афроде, ки мо онҳоро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёт алайҳи низоми давлатӣ таъқиб мекунем, дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, мо ҳама бояд таъйид кунем, ки паноҳ додан ба террористон ва ҷинояткорон ғайриқобилиқабул аст.”

Ҳарчанд оқои Қаҳҳоров мушаххасан аз Тошканд ном нагирифт, вале ҳама пай бурданд, ки манзури ӯ пеш аз ҳама Узбакистон ва Маҳмуд Худойбердиев аст.

ҲАМСОЯ

Ҷониби Узбакистон ҳеҷ гоҳ дар қаламраваш ба сар бурдани Маҳмуд Худойбердиев ва ҷангиёни ӯро эътироф накардааст. Дар моҳи октябри соли 2001 тавассути расонаҳои наздик ба ниҳодҳои амниятии он кишвар ҳатто хабаре ҳам нашр шуд, ки Худойбердиев ё бар асари садамаи нақлиётӣ ваё дар натиҷаи ҷанҷол бо муовини собиқаш сарҳанг Сергей Зваригин бар сари тақсими пулу мол ҳалок шуда ва дар рустои кӯҳистоние дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё ба хок супурда шуд. Аммо Амруллоҳи Собир, коршиноси тоҷик, ки дар ин замина таҳқиқоти вижае анҷом додааст, хабари марги Худойбердиевро фасонае беш намедонад ва мегӯяд, ҳадаф аз нашри он шона холӣ кардани мақомоти Тошканд аз масъулияти боздошту истирдоди сарҳанги шӯришӣ ба Тоҷикистон аст.

Ба бовари ин коршинос, нирӯҳои Худойбердиев чизе дар ҳудуди аз 700 то 800 нафарро ташкил дода, онҳо дар рустоҳои матруки Дараи
Фармони тир андохтан ба сӯи мардумро худи Ислом Каримов дод ва онро Маҳмуд Худойбердиев иҷро кард...
ниҳон ва соҳили Тӯфалангдарё, ки аҳолии тоҷикашро чанд сол пеш иҷборан ба сарзаминҳои даштии вилояти Сурхондарё муҳоҷир карданд, ба сар мебаранд ва Тошканд аз нирӯи онҳо дар амри саркӯб кардани мухолифини худ низ истифода мебарад.
Зинда будан ва ҳамчунон дар Узбакистон паноҳ бурдани Маҳмуд Худойбердиевро бархе манобеъи узбак низ эътироф мекунанд.

Икром Ёқубов, як афсари собиқи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ки аз он кишвар фирор карда, ба яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ овардааст, соли гузашта дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ низ истифодаи раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз нирӯҳои Худойбердиев дар амри саркӯб кардани эътирозҳои дохилиро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ин афсари фирорӣ, ошӯби моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон низ бо дасти афроди Маҳмуд Худойбердиев ба хоку хун нишонда шуд:

Ёқубов гуфт: “Артише, ки ба сӯи мардум тир андохт, артиши таҳти фармондеҳии Худойбердиев буд. Вазирони дифоъ ва умури дохилаи Узбакистон Қодир Ғуломов ва Зокир Олматов масъулияти додани фармони тирандозӣ болои мардумро ба дӯш нагирифтанд. Фармони тир андохтан ба сӯи мардумро худи Ислом Каримов дод ва онро Маҳмуд Худойбердиев иҷро кард.”

Икром Ёқубов мегӯяд, Ислом Каримов Худойбердиевро бо нирӯҳояш акнун дар паҳлуи духтари худ – Гулнора нигоҳ медорад, ки дар як рӯзи мабодо, масалан, марги нобаҳангоми Каримов Гулнораро аз ҳар хатаре, ки алайҳи духтараш аз сӯи атрофиёни феълии президент бармехезад, дифоъ кунад.

ТАҲДИД

Дар пасманзари қазияи ахири Турсунзода дар зеҳни маҳофил ин масъала ҳам матраҳ аст, ки оё эҳтимоли ба сурати таҳдиди ҷиддӣ дар саҳнаи Тоҷикистон дигарбора зоҳир шудани Маҳмуд Худойбердиев то куҷо воқеъист. Абдуллоҳ Назаров, муовини вазири амнияти Тоҷикистон моҳе пеш ба хабарнигорон гуфт, Худойбердиев қодир ба эҷоди таҳдиди ҷиддие ба амнияти Тоҷикистон нест, вале бархе афроди ӯ акнун талош доранд, худро ба шабакаҳои террористие, чун Ал-Қоида бизананд.

Аммо таҳлилгар Амруллоҳи Собир эҳтимоли ба Ал-Қоида ё Ҳаракати исломии Узбакистон пайвастани нафарони Худойбердиевро ғайривоқеъӣ медонад. Вале ӯ ҳам таҳдиди ношӣ аз ҷониби Худойбердиевро ночиз медонад.

Дар ҳар сурат, мегӯяд ӯ, Маҳмуд дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар чандин мавриди қатлҳои дастаҷамъӣ даст дошт ва бояд ба масъулият кашонида шавад. муҳокима шавад.

ХУДИ Ӯ

Маҳмуд Худойбердиев, 45 сол дошта, баъд аз хатми омӯзишгоҳи низомии Алма-Ато дар соли 1985 муддате дар Афғонистон таҷрубаи ҷангӣ андӯхтааст. Ӯ сипас ба ҳайси муовини коммисари низомии вилояти Қӯрғонтеппа хидмат карда, соли 1992, баъди шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фармондеҳи як воҳиди вижаи дивизияи 201-уми артиши Русия дар Қӯрғонтеппа таъйин шуд. Дар айни ҷӯши ҷангҳо Худойбердиев чанд тонки ин дивизияро дар ихтиёри Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанг гузошт, ки ба пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷангҳои водии Вахш мусоидат кард.

Маҳмуд Худойбердиев дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсус дар Қӯрғонтеппа таъйин шуд ва ба дунболи қатли рақиби умдааш – сарҳанги 21-сола Иззат Кӯганов дар соли 1994 водии Вахшро пурра зери назорати низомии худ овард.

Сарҳанг Худойбердиев дар зимистони соли 1996 ва тобистони соли 1997 алайҳи ҳукумат ошӯб бардошт ва бо шикасти ошӯби дуввум ҳамроҳи теъдоди бузурге аз ёрони силоҳбадасташ тарки Тоҷикистон кард.

Дар оғози моҳи ноябри соли 1998 Худойбердиев бо як гурӯҳи бузурги мусаллаҳ ба шимоли Тоҷикистон ҳамла овард ва нуқоти муҳими вилояти вақти Ленинобод, Суғди кунуниро тассаруф кард. Вале амалиёти муштараки нирӯҳои давлат ва мухолифини тоза бо давлат оштикарда Худойбердиевро баъди ҳамагӣ 3 рӯз дигарбора маҷбур ба фирор аз кишвар кард.

Дар моҳи октябри соли 2001 хабарҳое дар бораи марги пурасрори ӯ ё бар асари садама ваё дар натиҷаи ҷанҷол бо ёрони собиқаш нашр шуд, ки то ҳол расман таъйид нашудааст.

ХУЛОСА

Талоши Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо Маҳмуд Худойбердиев низ натиҷа надод. Тавре як тан аз афроди наздик ба Худойбердиев маънидорона ба мо гуфт, магар нафаре, ки расман гӯё мурдааст, метавонад бо матбуот сӯҳбат кунад?

Вале Абдуллоҳ Назаров, муовини вазири амнияти Тоҷикистон мегӯяд, Худойбердиев, ҳатто агар зинда ҳам бошад, барои мақомоти амниятии Душанбе дигар ҷасаде беш нест. Таҳлилгарон низ бо ишора ба собиқаи Худойбердиев, ки бо вуҷуди дар ихтиёр доштани нирӯву силоҳ ва пойгоҳҳои қавие дар дохили Тоҷикистон ноком шуд, мегӯянд, Маҳмуд Худойбердиев шояд дар оянда низ ҳамин тавр гоҳу ногоҳ ва инҷову онҷо аз худ дарак диҳад, вале дигар қодир ба матраҳ кардани шахси худ дар саҳнаи Тоҷикистон, ба гунаи солҳои 90 нест.
XS
SM
MD
LG