"Дар бемористон ҳуҷҷат доданд, ки касали рӯҳӣ аст, аммо аз артиш ҷавоб намедиҳанд." Пайвандони Эмомҷон Шаханов аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо баёни ин ҷумла ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ӯ бемор аст ва бояд аз хидмат озод карда шавад.
Мақомот дар вилояти Суғд мегӯянд, табодули манзилу заминҳо бо Қирғизистон тақрибан ба анҷом расидааст; Ҳамсаре дар Хатлон талаб дорад, ки шавҳари беморашро аз артиш раҳо кунанд; Бозиҳои олимпӣ дар Итолиё бе варзишгарони оғоз мешавад.
Рӯзи ҷумъа дар Италия яке аз мусобиқоти бузургтарин ва бошукӯҳ дар ҷаҳон, бозиҳои зимистонаи олимпӣ оғоз меёбанд. Дар ин бозиҳо, ки тақрибан ду ҳафта идома мекунанд, ҳазорон варзишгар ширкат меварзанд .
Мақомот дар вилояти Суғд мегӯянд, табодули манзилу заминҳо бо Қирғизистон тақрибан ба анҷом расидааст.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ин дафъа ҳам бе ширкати варзишгарони тоҷик мегузарад. Онҳо бори охир дар чунин мусобиқаи муҳим бори охир соли 2014 ва дар Русия ҳузур доштанд. Мақомот сабабҳои роҳхат нагирифтани лижаронҳоро аз Тоҷикистон номбар карданд.
Созмони Ҳюман Райтс Вотч, дар гузориши солонаи худ дар бораи ҳуқуқи инсон, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби дигарандешон ва зери по кардани ҳуқуқи мардум сахт танқид кардааст. Дар гузориши солонаи созмон, ки 4-уми феврал, нашр шуд, Тоҷикистон барои ҳабси чеҳраҳои маъруф танқид шудааст.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
"Вақтҳои охир истеъмоли ҳабҳои экстазӣ, синтетикӣ ва метамфитамин ё кристал ... маъруфият пайдо карда, муомилоти он бештар шудааст."
Аз 30 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ. Ин арзиши қалин, маҳр ё хароҷотест, ки хонаводаи домод дар Тоҷикистон бояд ба ҷониби арӯс бипардозад.
Масъалаи ба ҷойи кори муносиб таъмин кардани мардум яке аз мавзуъҳои асосии нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд. Солеҳа Холмаҳмадзода, раҳбари ин ниҳод, гуфт, соли гузашта ба корҷӯён садҳо ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намудаанд.
Хабарҳои рӯз
Доналд Трамп, президенти Амрико, тасмим гирифтааст, ки ширкатҳои истихроҷи метал ё филизоти нодирро қавӣ кунад, то дар бозори ҷаҳонӣ бо Чин рақобатпазир бошанд. Трамп рӯзи 2-юми феврал тарҳи захираҳои металҳои нодиррро эълон кард.
Ёфтҳои бештар