Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1-уи сентябр бо Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон дар Бишкек гуфтугу ва ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ду кишварро баррасӣ кардааст.
Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд, ки Тоҷикистон яке аз муассисони он аст. Ин созмони азим бо вуҷуди 25 соли таъсис ҳанӯз дар дохил ихтилофоти зиёде дорад.
Хабарҳои рӯз
Дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Фармонро дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми август имзо кардааст. Даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳар сол бо баҳсу кашмакаш ва гоҳо ҷанҷолу даъво дар кӯчаҳо ҳамроҳ аст. Имсол чӣ гуна хоҳад гузашт?
Артиши Амрико шаби 30 ба 31-уми август ба мавзеъҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар ҷазираи Лорак, дар наздикии тангаи Ҳурмуз, ҳамла кардааст. Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, дар иваз пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар минтақа ҳадаф қарор дод.
Даъват ба артиш имсол бе ҷанҷол мегузарад? Гурӯҳе аз нозирон барои тафтиш ба Хуҷанд рафтаанд. Амрикову Эрон дигарбора ба ҳамдигар ҳамла карданд. Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои дур кардани ноболиғон аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ ҷоиза дод. Духтараш гуфт, Аҳмадшоҳ Комилзода дар зиндон бемор шудааст. Дар Непал ҷустӯҷуи мардуми бенишоншуда идома дорад. “Қассоби Босния” дар зиндони Созмони Милал даргузашт
Хабари тақдими орден ё нишон ба Рустами Эмомалӣ то кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густурда доштааст. Гурӯҳе, бавижа ҷонибдорони ҳукумат, онро дурусту арзанда донистаанд, аммо намояндагони мухолифон дар навиштаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ онро танқид карданд.
Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини зиндонии раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, падараш дар маҳбас ба илтиҳоби шуш гирифтор шудааст ва даҳ рӯз боз муолиҷа мегирад. Ӯ моҳи феврали соли 2025 дар доираи парвандаи “кӯшиши табаддулот” ба 19 сол зиндон маҳкум гардид.
Дар Непал, ки обхезии вайронгар садҳо нафарро кушту хонаҳои зиёдеро вайрон кард, ҷустӯҷуи ҷасадҳо дар зери гилу вайронаҳо идома дорад.
Ратко Младич, собиқ фармондеҳи низомии сербҳои Босния, ки бо гуноҳи наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ ба зиндони умрбод маҳкум шуда буд, рӯзи 27-уми август даргузашт. Вай 84-сола ва бо лақаби “Қассоби Босния” маъруф буд
Шумо аз чӣ метарсед. Аз торикӣ, аз бепулӣ, аз надоштани ҷойи кору хона ва ё чизи дигар. Радиои Озодӣ дар Душанбе аз чанд раҳгузар ҳамин суолро кард ва посухҳои ҷолибе гирифт. Шумо аз чӣ метарсед?
Ёфтҳои бештар