Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбург ҷараён дорад, бо 10 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо баъди Русия ва Куба мақоми сеюмро касб кардааст.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тибқи қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24, дар гурӯҳи “Е” бо бошгоҳҳои «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат хоҳад кард.
Миҷгона Самадзода, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, дар мусобиқаи занон дар риштаи бокс медали тилло ба даст овард.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тибқи қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои AFC, ки имрӯз, 24-уми август, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, дар як гурӯҳ бо бошгоҳи «Ал-Наср«-и Криштиану Роналду бозӣ мекунад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2023 миёни футболбозони то 17-сола мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон, ки дар бозии плей-оффи Ҷоми AFC-2023/24 аз бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот маҳрум гашт. Ин бозӣ 22-юми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Абубакр Шеров, варзишгари тоҷик, дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии варзишгарони донишгоҳҳо бахшида ба 300-солагии шаҳри Екатеринбурги Русия дар риштаи ҷудо медали тилло ба даст овард.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2023 миёни футболбозони то 17-сола мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Zagreb Grand Prix 2023”, ки рӯзҳои 18-20-уми август дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи шумораи медалҳо бо дарназардошти нишони тилло бо пирӯзии мунтахаби Бразилия ба поён расид.
Дар даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 17-19-уми август доир гардид, ду бозӣ бо пирӯзии меҳмонон ба поён расид ва се дидор мусовӣ шуд.
Дар мусобиқоти байнулмилалии ҷудо “Zagreb Grand Prix 2023”, ки дар шаҳри Загреби Хорватия шоми имрӯз, 20-уми август, ба поён мерасад, паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Ёфтҳои бештар