Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳсин Муҳаммадиев: Мекӯшем, ки футболи зебо нишон диҳем


Муҳсин Муҳаммадиев
Муҳсин Муҳаммадиев

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тибқи қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24, дар гурӯҳи “Е” бо бошгоҳҳои «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат хоҳад кард.

Қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 имрӯз 24-уми август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд. Зимнан, дар ҳайати бошгоҳи «Ал-Наср» дурахшонтарин ситораи футболи ҷаҳонӣ, капитани мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ҳунарнамоӣ мекунад.

Муҳсин Муҳаммадиев, муовини раиси бошгоҳи футболи “Истиқлол”, дар бораи натоиҷи қуръакашӣ дар гурӯҳи “Е” гуфт, “агар кушоду равшан бигӯям, мо пешакӣ фикр доштем, ки бошгоҳи “Ал-Наср” метавонад ба гурӯҳи мо шомил шавад. Ин барои мухлисони футболи тоҷик хурсандии калон аст. Зеро чунин дастаи пурситора, ки дар ҳайати он футболбози машҳур Криштиану Роналду ҳам бозӣ мекунад, ба Душанбе меояд. Дастаҳои дигар низ пурзӯранд. Мекӯшем, ки муқобили онҳо футболи зебо нишон диҳем.”

«Истиқлол» бозии нахустинашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳи AFC-2023/24 муқобили «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом медиҳад. Ин бозӣ 18 ё 19-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Бозии «Истиқлол» бо «Ал-Наср» бошад, дар Душанбе 4 ё 5-уми декабр дар назар аст.

Бояд гуфт, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Фейҳа» (Арабистони Саудӣ), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Айн» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи «В»: «Ал-Садд» (Катар), «Насаф» (Узбекистон), «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Сипоҳон» (Эрон), «Эйр Форс» (Ироқ), АГМК (Узбекистон).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон), «Мумбаи Сити» (Ҳиндустон), «Навбаҳор» (Узбекистон).

Гурӯҳи «Е»: «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ).

Тақвими бозиҳои дастаи "Истиқлол" :

18-19 сентябр - "Истиклол" - "Ал-Дуҳайл" (Қатар)

2-3 октябр - "Ал-Наср" (Арабистони Саудӣ) - "Истиқлол"

23-24 октябр - "Персеполис" (Эрон) - "Истиқлол"

6-7 ноябр - "Истиқлол" - "Персеполис" (Эрон)

27-28 ноябр - "Ал-Дуҳайл" (Қатар) - "Истиқлол"

4-5 декабр - "Истиқлол" - "Ал-Наср" (Арабистони Саудӣ)

XS
SM
MD
LG