Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо "Baku Grand Slam", ки рӯзҳои 22-24-уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон анҷом медиҳад.
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар эстафетаи машъали Бозиҳои XIX осиёӣ, ки имрӯз, 20-уми сентябр, дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, иштирок кард.
Нахустин бозии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо бошгоҳи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Ин бозӣ шаби сешанбеи 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии куштии ҷаҳон, ки рӯзҳои 16-18-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербистон баргузор шуд, аз медал бенасиб монданд.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 муқобили бошгоҳи футболи "Ал-Дуҳайл"-и Қатар баргузор мекунад. Бозӣ 19-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад. Сокинон умедворанд, "Истиқлол" мебарад.
Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XIX осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, интихоб гардид.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 муқобили бошгоҳи футболи "Ал-Дуҳайл"-и Қатар баргузор мекунад. Ин бозӣ имрӯз, 19-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко нахустин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар майдони худ муқобили бошгоҳи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар баргузор мекунад.
Ёфтҳои бештар