Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко нахустин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар майдони худ муқобили бошгоҳи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар баргузор мекунад.
Рӯйхати номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбоз ва беҳтарин мураббӣ дар соли 2023 аз рӯи фарзияи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) эълон шуд. Рӯйхат дар сомонаи FIFA нашр шудааст.
Ҳайати пурраи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, эълон шуд.
Бозиҳои даври севум ва охирини марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои ҷавонони то 23-сола, ки 12-уми сентябр баргузор шуданд, ҳамаи тимҳои мунтахаби иштироккунандаи қисми ниҳоии мусобиқотро дар Қатар муайян карданд.
Қосим Усмонзода, сардори пешини Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, раиси Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон интихоб гардид.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки бозии дувумашро дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» бо тими Австралия бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки соли оянда дар Қатар доир мегардад, роҳ пайдо кард.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Бозии даври аввали марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар рӯзи сешанбеи 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.
Бозии мавқуфмондаи даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни ду дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе - бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.
Олимхон Алихонов, паҳлавони собиқадори тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбо миёни устодон, ки дар шаҳри Уралски Қазоқистон 8-уми сентябр оғоз ёфт ва имрӯз, 10-уми сентябр, ба поён мерасад, медали тило ба даст овард.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» тими Лаосро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Ёфтҳои бештар