Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои иштирок дар бозии даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо бошгоҳи «Персеполис»-и Теҳрон имрӯз, 22-юми октябр, ба Эрон сафар кард.
Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 пирӯз шуда, ба ҳаққи ширкат дар бозии финалӣ мушарраф гаштанд.
Ба ҳафт варзишгари тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Чин соҳиби медал шуданд, дар шаҳри Душанбе хона додаанд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2023, ки рӯзҳои 24-26-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Забӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дарбозии ниҳоии «Ҷоми Мердека-2023» («Ҷоми Истиқлол-2023»), ки шоми сешанбе, 17-уми октябр, дар шаҳри Куала-Лумпур баргузоршуд, тими миллии Малайзияро бо ҳисоби 2:0шикаст дод ва барандаи ин мусобиқаи байналмилалӣ гардид.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии «Ҷоми Мердека-2023», ки имрӯз, 17-уми октябр, дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад, бо тими миллии Малайзия рақобат мекунад.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии камарбандӣ миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 12-15-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, 12 медал (як нишони тилло, шаш нуқра ва панҷ биринҷӣ) гирифтанд
Варзишгарони тоҷик Бозиҳои 19-уми осиёиро бо ҳафт медал ба поён расонданд. Бозиҳо аз 23-юми сентябри имсол то 8-уми октябр дар Чин гузашт. Иддае ҳунарнамоии варзишгарони тоҷикро хубу кофӣ медонанд, вале бархе бовар доранд, ки аз зарфияту тавоноии онҳо пурра истифода нашуд.
Зуҳуршо Нурмаҳмадзода раиси нави Федератсияи кураши Тоҷикистон интихоб шуд. Ҷаласаи Федератсияи кураш, ки Нурмаҳмадзодаро дар он раис интихоб карданд, 14-уми октябр дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и Душанбе баргузор шуд.
Ду варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар яке аз мусобиқаҳои маъруфи намуди муҳорибаҳои омехта дар шаҳри Абу Забӣ баромад мекунанд. Дар назар аст, ки сабқати UFC 294 дар ин шаҳр рӯзи 21-уми октябр баргузор шавад.
Ёфтҳои бештар