Лоиқ Қутбуддинов, варзишгари навраси тоҷик, дар мусобиқаи бози Ҷоми Аврупо дар риштаи ҷудо миёни наврасон (“Antalya Cadet Evropean Cup 2024”), ки рӯзҳои 2-3-юми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, барандаи медали тилло гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 1-3-юми март дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.
Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) бори дуюм пирӯзӣ ба даст овард.
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, медали тило ба даст овард.
Ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, ки дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, 2-юми март ба поён мерасад.
Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки аз 3-юм то 11-уми март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор мешавад, барои дарёфти роҳхат ба Олимпиалаи Порис-2024 мубориза мебаранд.
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam” ба ҷойи "Dushanbe Grand Prix" баргузор мешавад.
Олег Баклов, дарвозабони бошгоҳи "Уфа"-и шаҳри Уфаи Бошқирдистон, ки дар лигаи дуюми футболи Русия бозӣ мекунад, ба ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон шомил хоҳад шуд.
Шаҳром Самиев, ҳамлагари 23-солаи дастаҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар бошгоҳи “Андиҷон”, ки шомили Суперлигаи Узбекистон аст, идома медиҳад.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Беларус (U-17) дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2024», ки 24-уми феврал дар Минск ба поён расид, пирӯз гардид.
Ёфтҳои бештар