Муҳаммадҷон Наимов, варзишгари маъруфи тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) бори сеюм пирӯзӣ ба даст овард.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон пеш аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Арабистони Саудӣ дар Қатар ҷамъомади таълимию тамринӣ баргузор мекунад.
Рустам Ятимов, узви дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, дарвозабони гаронарзиштарин дар Осиёи Марказӣ будааст.
Мутахассиси 53-солаи гурҷӣ Гела Шекиладзе, ки пештар ёвари Петар Шегрт буд, сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар мусобиқаи ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 1-3-юми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 16 варзишгар (12 мард ва 4 зан) намояндагӣ хоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2024» дар Минск аз тими Русия (U-17) бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрд.
Як духтари футболбоз аз Тоҷикистон, талош дорад ба яке аз тимҳои футболи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шомил шавад. Мадина Фозилова, капитани дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон аст. Ӯ 28 сол сол дорад ва аз ин 17 солашро дар футбол сипарӣ кардааст.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи анъанавии байнулмилалии «Ҷоми рушд-2024» дар Минск аз тими мизбон – Беларус (U-16) – бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштигирӣ 18-уми феврал дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ доир гардид.
Ёфтҳои бештар