Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи байнулмилалии бокс ба хотираи қаҳрамони панҷкаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ Болат Темиров, ки рӯзҳои 1-5-уми март дар шаҳри Атирауи Қазоқистон доир гардид, 5 медал (2 нишони нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ теъдоди тимҳои иштироккунандаи мусобиқот ду адад зиёд шуда, ба 12-то расид. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гирифта шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону ҷавонон дар риштаи ҷудо бори аввал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Лоиқ Қутбуддинов, варзишгари навраси тоҷик, дар мусобиқаи бози Ҷоми Аврупо дар риштаи ҷудо миёни наврасон (“Antalya Cadet Evropean Cup 2024”), ки рӯзҳои 2-3-юми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, барандаи медали тилло гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 1-3-юми март дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.
Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) бори дуюм пирӯзӣ ба даст овард.
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, медали тило ба даст овард.
Ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, ки дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, 2-юми март ба поён мерасад.
Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки аз 3-юм то 11-уми март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор мешавад, барои дарёфти роҳхат ба Олимпиалаи Порис-2024 мубориза мебаранд.
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam” ба ҷойи "Dushanbe Grand Prix" баргузор мешавад.
Ёфтҳои бештар