Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудо медали нуқра гирифт


Лоиқ Қутбиддинов, паҳлавони ҷавони тоҷик
Лоиқ Қутбиддинов, паҳлавони ҷавони тоҷик

Лоиқ Қутбуддинов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон дар риштаи ҷудо, ки 2-юми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе оғоз ёфт, медали нуқра ба даст овард.

Ин варзишгари 16-солаи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило баъди панҷ пирӯзӣ бар рақибонаш аз Туркманистон, Мексика, Муғулистон, Қазоқистон ва Узбекистон ба финал баромад. Лоиқ Қутбуддинов дар даври ниҳоӣ бо Ямато Фукудаи 18-солаи ҷопонӣ, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023, рақобат кард. Ҳанӯз дар оғози қувваозмоӣ паҳлавони навраси тоҷик зери чанголи рақиби пуртаҷрибааш қарор гирифт ва натавонист аз ин вазъи ногувор раҳо ёбад. Қутбиддинов барои ҷойи дуюм бо нишони нуқра мукофотонида шуд.

Бояд гуфт, Лоиқ Қутбуддинов дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни наврасону навҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2024), ки рӯзҳои 4-7-уми июли соли равон дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир гардид, дар вазни то 60 кило барандаи медали тилло шуда буд.

Вай соли 2023 дар қаҳрамонии Осиё миёни наврасон медали тилло, дар Ҷоми Осиё миёни наврасон дар Тошканду Алмато соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Инчунин Лоиқ Қутбуддинов дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни наврасон бо медали нуқра сарфароз гаштааст.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон байни навҷавонон дар Душанбе 531 варзишгар (290 писар ва 241 духтар) аз 67 кишвари 5 қораи олам иштирок доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 варзишгар (17 писар ва 7 духтар) дохиланд. Дар рӯзи аввали мусобиқот ҷавонмардон дар ду вазн – то 60 ва то 66 кило рақобат карданд.

Хайрулло Ғанизода (-60 кг) пас аз ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Испания ва Канада, дар даври баъдӣ аз намояндаи Узбекистон мағлуб шуд. Чаҳор нафари дигар - Саъдӣ Маҳмадов (-60кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг) - дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Занон низ дар рӯзи аввали мусобиқот дар ду вазн – то 48 ва то 52 кило рақобат карданд. Аз се намояндаи Тоҷикистон Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило натиҷаи хубтар нишон дод. Вай дар ду қувваозмоӣ ба рақибонаш аз Қазоқистону Муғулистон дастболо шуда, дар даври чорякниҳоӣ аз намояндаи Бразилия мағлуб гашт. Мадина дар даври тасаллобахш аз Айдан Валиеваи озарбойҷонӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум шуд.

Дар сабқати духтарон Зуҳал Ҷумъаева ва Райҳона Розиқзода (ҳарду дар вазни то 48 кг) дар нахустин рақобати худ шикаст хӯрданд.

Дар рӯзҳои баъдии мусобиқот боз 11 писар ва чаҳор духтар аз Тоҷикистон ба рақобат мепардозанд: писарон - Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Мусамир Каримзода (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), Муҳсин Маллаев (-100 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг), Фараҳманд Устопириён (+100 кг); духтарон - Александра Кан (-57 кг), Раҳмия Ханҷарбекова (-57 кг), Ҷонона Назарова (-63 кг) ва Виктория Киселева (+78 кг).

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ евро сарфароз мегарданд: барои ҷойи якум 2500 евро, барои ҷойи дуюм 1500 евро ва барои ҷойи сеюм 850 евро.

Рӯзи 6-уми октябр дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни дастаҳои омехтаи навҷавонон баргузор мешавад, ки 181 варзишгар (91 писар ва 90 духтар) аз 15 кишвари се қора номнавис шудаанд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи даставии омехта иштирок менамояд. Ба ҳайати даста 10 нафар (6 писар ва 4 духтар) шомиланд.

XS
SM
MD
LG