Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин доир мегардад, ширкат меврзанд.
Мутахассиси 56-солаи итолиёвӣ Марко Раҷини сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) таъйин шуд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 22-24-уми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа шуруъ кард.
Баҳодур Усмонов, варзишгарони маъруфи тоҷик, дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардид.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи Яшар Догу, гуштигири машҳури турк, қаҳрамони ҷаҳон. Аврупо ва Бозиҳои олимпӣ, ки рӯзҳои 7-10-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд.
Варзишгарони маъруфи тоҷик Асрор Воҳидов ва Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия ҷараён дорад, барои дарёфти роҳхат ба Олимпиалаи Порис-2024 мубориза мебаранд.
Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси 53-солаи гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати дастаро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ омодагӣ мегирад, эълон кард.
Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 7-уми март дар «Кохи Парфенон»-и Душанбе баргузор гардид.
Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ дар риштаи гуштии миллӣ ё гуштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” 8-уми март дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом дод.
Ёфтҳои бештар