Паҳлавони тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар нахустин рӯзи мусобиқаи байналмилалии ҷудо Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024, ки рӯзи 10-уми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона – баргузор шуд, шикаст хӯрд.
Варзишгарони тоҷик дар марҳилаи охирини мусобиқаи интихобӣ дар риштаҳои гуштии юнонию румӣ ва гуштии озод, ки 9-уми май дар Туркия шуруъ шуд, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса мубориза мебаранд.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 10-12-уми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона – доир мегардад, иштирок мекунанд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 25-уми апрел то 7-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, 7 медал (3 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон 11-уми май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои лигаи олӣ - "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва "Равшан"-и Кӯлоб, барандаи Ҷоми миллӣ - доир мегардад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 3-5-уми май баргузор шуд, дар панҷ бозӣ мизбонон ва дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 3-5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳафт медал (як нишони тилло, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое дар бораи ба шаҳрвандони Узбекистон иҷозаи вуруд надодан ба Русия нашр шуданд.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Ҷопон, ки дар бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2024 дар Қатар тими Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, ғолиби мусобиқа гардид.
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ёфтҳои бештар