Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 шаби 14-ум ба 15-уми июн дар Олмон оғоз ёфта, то 14-уми июл идома хоҳад кард.
Рӯзи 13-уми июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия, маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 20-сола баргузор шуд.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии кураши Осиё, ки рӯзҳои 6-10-уми июн дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври охирини марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Покистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи ҳарду дастаро дар ҷадвали гурӯҳи “G” тағйир надод.
Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар бозии даври панҷуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гашт.
Шаш ҷудокори тоҷик соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Порис-2024 шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии «Ховар» бо такя ба Эргаш Маҳмадбеков, муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Шаби гузашта даҳҳо нафар ҳаводорону пайвандон ва ҳам намояндагони мақомоти Тоҷикистон ба фурудгоҳи Душанбе ба пешвози Сомон Маҳмадбеков рафтанд. Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон барандаи медали биринҷӣ гардид.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, барандаи медали биринҷӣ гардид.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо (Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024), ки рӯзҳои 10-12-уми май дар шаҳри Остона баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
Виктор Рассадин, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар марҳилаи охирини мусобиқаи интихобӣ дар риштаи гуштии озод, ки 11-уми май дар Туркия баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса гардид.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 тими “Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори дувоздаҳум барандаи Ҷоми олӣ гардид.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тимҳои миллии Урдун ва Покистон дар Қатар ҷамъомади таълимию тамринӣ анҷом медиҳад.
Ёфтҳои бештар