Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 миёни занон дар Ҳисор мегузарад

Аз 21-ум то 25-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-20) баргузор мегардад.

Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (U-20) дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард.

Духтарони футболбози тоҷик нахустин бозиашонро 21-уми июл бо тими Эрон баргузор мекунанд. Сипас, дар даври дувум 23-юми июл бо мунтахаби Қирғизистон рӯбарӯ мешаванд. Бозии ниҳоии дастаи Тоҷикистон 26-уми июл бо тими Узбекистон доир хоҳад шуд.

Бозиҳо аз рӯйи низоми даврӣ дар як марҳала барпо гардида, ҳар як даста се вохӯрӣ анҷом медиҳад. Ҳамагӣ шаш бозӣ барпо мегардад. Дастае, ки бештар аз ҳама имтиёз мегирад, соҳиби унвони қаҳрамонӣ мешавад.

Барои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ин мусобиқа яке аз марҳалаҳои муҳими омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 ба ҳисоб меравад, ки аз 28-уми август то 5-уми сентябри соли оянда доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026

Даври якум

21-уми июл (сешанбе)

Узбекистон - Қирғизистон, 19:00

Тоҷикистон - Эрон, 22:45

Даври дувум

23-юми июл (панҷшанбе)

Эрон- Узбекистон, 19:00

Қирғизистон - Тоҷикистон, 22:45

Даври севум

26-ум июл (якшанбе)

Қирғизистон -Эрон, 19:00

Тоҷикистон - Узбекистон, 22:45

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG