Хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯйи тоҷик, ки дар Русия ба қимати ҷони худ ҳаёти кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дод, мегӯянд, ҳамеша бо рафтори фарзанди худ ифтихор хоҳанд кард. Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод, рӯзи 16-уми июн гуфт, амали писараш ҷавонмардона буд.