Дидани маросими дафни ҳамсар аз навори видеоӣ, танҳо мондани чаҳор кӯдаки ноболиғ дар кишвари бегона ва баста будани марзҳо фоҷеаи зиндагии як муҳоҷири тоҷики муқими Русия аст ки бо сабаби карантин ва баста будани роҳҳо дар Тоҷикистон дармондааст.
Густариши коронавируси нав дар Русия сабаби бекор мондани муҳоҷирон, кам шудани даромади онҳо ва бепул мондани оилаҳояшон дар Тоҷикистон шудааст.
Бо баста шудани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус, садҳо шаҳрванди кишвар дар хориҷа банд мондаанд.
Дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек кор мекунанд ва лағви парвозҳо барномаҳои зиндагии бисёре аз онҳоро ба ҳам зад. Садҳо нафари онҳо ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳҳо дармонданд. Мақомоти сафорати Тоҷикистон рӯзи 26-уми март гуфтанд, бахше аз муҳоҷиронро ба ватан фиристоданд.
Дар канори шаҳри Маскав сохтмони беморхонаи махсус барои муолиҷаи гирифторони бемории КОВИД-19 босуръат идома дорад ва бештар аз 500 муҳоҷири тоҷик низ барои бунёди он ҷалб шудаанд.
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар пайи чораҳое, ки мақомоти Русия барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидаанд, баъзе аз корхонаҳо яке пайи дигар баста шуда, онҳо маҷбуранд ба рухсатии бемузд раванд.
Бо гузашти ду рӯз аз манъи парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон муроҷиат ба мақомоти расмӣ барои бозгардонидани шаҳрвандони дармонда дар фурудгоҳҳо афзудааст.
Шумораи онҳое, ки бар асари гирифторӣ ба коронавирус дар Итолиё даргузаштанд, субҳи 20-уми март беш аз 3400 нафарро ташкил дод. Ин рақам бештар аз шумораи қурбониёни вируси нав дар Чин аст.
Беш аз 270 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд.
Ёфтҳои бештар