Зиндагӣ дар кишвари имкониятҳо ё Амрико. То имрӯз ҳазорон зодагони Тоҷикистон ба ин кишвар омадаанду кору зиндагӣ мекунанд. Ҳазорон каси дигар ҳаваси рафтан ба Ню Йорку шаҳрҳои дигарро доранд.
Мақомоти Русия кӯшиши худро барои ҷалби зодагони Осиёи Марказӣ ба ҷанги бедалел дар Украина кам накардаанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, вақтҳои охир ба онҳо телефонӣ шаҳрвандии Русияро пешниҳод доранд.
Муҳоҷирони зиёде аз Осиёи Марказӣ ҳамоно талош доранд, ки бо роҳҳои гуногун худро аз Мексика ба Амрико расонанд. Хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ дар ин бора таҳқиқоте анҷом дода, дар мисоли сарнавишти чанд нафар манзараро рӯшан карданд.
Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Перми Русия гуфтанд, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр онҳоро дар бозори мева латукӯб ва таҳқир кардаанд. Шикоятҳои ба ин монанд аз Маскав ҳам расид. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд.
Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон аз якбора зиёд шудани рейдҳо шикоят доранд. Яке аз муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфт, 17 сол аст, ки дар Қазоқистон кор мекунад, вале бори аввал чунин рейдҳоро мебинад.
Парвандаи як зодаи Тоҷикистонро дар Екатеринбурги Русия баъд аз се соли боздошт ба додгоҳ фиристодаанд.
Кор дар бахши кишоварзӣ, сохтмон ва ҷангал, танҳо чанде аз номгӯи машғулиятҳоест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ анҷом медиҳанд. Ин кишвар ки дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир аст, солҳои ахир ба масири нави кории зодагони Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Муҳоҷирони тоҷик аз муносибати дағалу таҳқиромези кормандони пулис дар Санкт-Петербург шикоят карданд. Рӯзи 21-уми сентябр даҳҳо муҳоҷири тоҷик ҳангоми тамдиди сандаҳояшон ба таҳқиру таҳдид рӯ ба рӯ шуданд.
Ҳар рӯз дар бораи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия гузориш мерасад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳуҷҷати коргарони хориҷӣ ва дурустии будубоши онҳоро месанҷанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баръакс, маъмурони интизомӣ онҳоро ба артиши Русия даъват мекунанд.
Баъд аз намози ҷумъа (8-уми сентябр) дар чанд шаҳри Русия муҳоҷиронро тафтиш карда, шахсони душаҳрвандиро барои сабти ном ба комисарриатҳои ҳарбӣ бурдаанд. Радиои Озодӣ наворҳоро дар ин бора рӯзи 11-уми сентябр дастрас кард. Аз моҳи май боздошту фишор ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия давом дорад.
Дар ҳоле ки бемористонҳои Тоҷикистон бо камбуди мутахассисон рӯбарӯст, баъзе аз пизишкони тоҷик ба хориҷа рафтаанд ва аз кору зиндагии худ розиянд. Яке аз онҳо Ситора Қодирова аст, пизишки занон.
Ёфтҳои бештар