Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар панҷ моҳи ахир наздик ба сад ҳазор қонуншикании муҳоҷиронро ошкор намудаанд ва 15 ҳазор муҳоҷирро аз ин кишвар хориҷ кардаанд.
Пешниҳоди як тарҳ дар бораи эҳтимоли манъи кори хориҷиён, аз ҷумла тоҷикон, дар бахши таксӣ ва мактабу бемористонҳо дар Русия басҳбарангез шудааст.
Садҳо муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбекистон, ки бархе ба иқомати ғайриқонунӣ муттаҳаманд, як ҳафта боз дар назди Додгоҳи Сариоғоч, дар вилояти Туркистони Қазоқистон, сарсону саргардон шудаанд.
Бар асари таркиши як мушак дар Шарқи Дури Русия як муҳоҷири тоҷик ҷон бохта, дигаре захмӣ шудааст.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия чархаи муҳими иқтисоди хонаводаҳо дар кишвар ва дар айни ҳол қишри осебпазиртарин мебошанд. Тоҷикистон дар 30 соли истиқлол натавонист кишварҳои мизбони муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунад ва барои муҳофизат аз манобеи корияш дар хориҷ роҳи ҳалли муносиб биёбад.
Додгоҳи Маскав Аҳадҷон Зоҳидов, тоҷири зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" ва "кочоқи силоҳ" барои 13 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Дар Челябински Русия як зани муҳоҷири узбекистонӣ 8 моҳ боз мунтазири ихроҷ ба ватан аст.
Додгоҳи ҳарбии Русия як муҳоҷири тоҷикро 12 сол зиндонӣ кард.
Беш аз 20 муҳоҷири тоҷик, ки дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Екатеринбурги Русия нигаҳдорӣ мешаванд, аз шароити баду ғайриқобили зист шикоят карданд.
Солҳои охир ҷавонони тоҷик пайдо кардани ёри мувофиқ ва баргузории ҷашни арӯсии худро дар Русия авлотар медонанд. Яке аз ин тӯйҳо дар ғарибӣ маҷрои зиндагӣ ва кори муҳоҷири тоҷик Муқимҷон Абдукаримовро тағйир дод.
Ҷомеаи мусулмонони Маскав аз амалиёти нерӯҳои амниятии Русия дар масҷиди Котелники ва ба комиссариати ҳарбӣ бурдани баъзе аз намозгорон ибрози ташвиш кардааст.
Нерӯҳои Русия ду сол пеш 15 шаҳрванди Тоҷикистонеро дар ҷараёни амалиёте дастгир карданд. Баъди се моҳ даҳ нафари онҳоро ба Тоҷикистон ронданд. Ба зидди 5 нафари дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале таҳқиқи он ду сол боз идома дорад.
Ёфтҳои бештар