Шояд дар бораи таҳқиру бадрафторӣ бо муҳоҷирон дар "Сахарово", яке аз боздоштгоҳҳои машҳури Маскав, бисёр шунидаед. Радиои Озодӣ ҳам чанд дафъа гузориш дошт. Як муҳоҷир баъди раҳоӣ аз "Сахарово" мегӯяд, афсарони рус дар онҷо роҳи наверо барои ғорати боздоштшудаҳо ёфтаанд.