Беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар наворе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки марзбонҳои Гурҷистон онҳоро ба ҳудуди ин кишвар роҳ надода, аз фурудгоҳи Тбилиси (Тифлис) пас гардонданд. Навор рӯзи 14-уми апрел дастрас шуд.
Пулиси Русия як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбекро, ки барои масолеҳи сохтмонӣ ҷанҷолу занозанӣ кардаанд, дастгир намудааст. Ҳодиса охири ҳафтаи гузашта дар маҷмааи сохтмонии "Метроном" дар шарқи Маскав рӯй дод.
Бо вуҷуди ҳушдорҳо, садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ рӯзи 10-уми апрел барои намози Иди Фитр ва табрики якдигар дар масҷидҳои Русия ҷамъ омаданд. Дар ин рӯз боздошту бурдани муҳоҷирон ба идораҳои пулис дида шуд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва шахсони дигари хориҷӣ дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст. Ин вазъ пас аз ҳамлаи 22-юми март ба маркази мусиқии "Крокус" дар наздикии Маскав пеш омад.
Садҳо муҳоҷир аз 70 минтақаи Русия ронда шуда, нисбат ба қариб чоруним ҳазор нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ ва маъмурӣ боз гаштааст. Дар ин бора расонаи русии "Агентство" хабар дод. Як қисми ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудаанд ва ҳаққи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт.
"Бародарон, эҳтиёт кунед, бо либоси ғайринизомӣ амалиёт мегузаронанд. Патент дорӣ ё надорӣ, ихроҷ мекунанд." Ин паёми муҳоҷири тоҷик аз як шуъбаи пулиси Русия аст. Ба далели амниятӣ ному насаби ӯ ва ҷойи нигаҳдорияш зикр намешавад.
Парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Маскав-Бохтар то 7-уми апрели имсол бекор шудааст. То охири моҳи март ҳар рӯз аз фурудгоҳи Бохтар ба Маскав як ҳавопаймо мепарид. Парвозҳоро дар ин масир ширкати русии “Северний ветер” анҷом медод.
Ҳукумати Маскав аз мусалмонон хостааст, ки намози Иди Рамазон (Иди Фитр)-ро "дар хона гузоранд".
Мақомоти Русия се муҳоҷири тоҷикро аз ҳаққи сафар ба кишварашон якумрӣ маҳрум карданд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон мехостанд, ба воситаи Қазоқистон вориди Русия шаванд.
"Мегӯянд, ки Маскав тинҷ аст. Маскав тинҷ нест. Ноором аст. Муҳоҷирон азоб мекашанд. Маскав он Маскави пешина нест." Ин паёми як зани муҳоҷири тоҷик аз Русия аст, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид.
Як ҷавони тоҷик, ки 5 соли умраш дар зиндони Русия гузаштааст, ният дорад, хотираҳои зиндагии худро дар маҳбас ва берун аз он дар шакли як китоб пешниҳоди хонандаҳо кунад.
Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Санкт-Петербург ба иттиҳоми гуё дуруст шуморидани ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дастгир кардаанд.
Ёфтҳои бештар