Иззат Шарифӣ, овозхони тоҷик, рӯзи 23-юми август эълон кард, ки дар васфи Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро нахустин тарона омода шудааст ва онро ҳангоми истиқбол аз гурзандози маъруфи тоҷик иҷро хоҳанд кард.
Пайдо шудани ду бастаи рӯзнома бо забони яҳудӣ дар бойгонии Хонаи китоби Тоҷикистон муҳаққиқонро ба ҳайрат овардааст. Дар ин ду баста чорсад шумораи рӯзномаи яҳудиёни Осиёи Марказӣ ҷой дода шудааст, ки аз соли 1910 то 1916 рӯи чоп омадаанд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯи фарҳанги ғайримоддии кишвар қасамро аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" ва Иди Қурбонро аз зумраи ҷашнҳои "нимфаъол" дар кишвар ном бурдааст. Мухаммасу гӯрғӯлӣ дар ҳоли аз байнравӣ будаанд.
Хонаи помирӣ аз панҷ сутуни асосӣ, чӯбҳои пайвасткунанда ва равзана иборат аст, ки ҳар яке рамз ва маънии худро доранд. Дар гузашта, ин панҷ сутун бо номҳои марбут ба фарҳанги маздоӣ – Аноҳита, Суруш, Озар, Замйод ва Меҳр – ёд мешуд.
Таронаи “Закия”-и Фаридуни Хуршед, овозон ва ҳамсари Фарзонаи Хуршед, бо забони испониёӣ ба бозор ироа хоҳад шуд. Фаридун ин таронаашро дар ҳамовозӣ бо Исаак Реал, овозхоне аз Испониё, иҷро карда, клипашро дар шаҳри Тошканд ба навор гирифтааст.
Мақомоти Узбакистон дастур додаанд, ки як сози мусиқии роиҷ дар он кишвар ва аз ҷумла дар Тоҷикистон дигар дар оҳангу мусиқиҳо ба кор бурда нашавад. Ба гуфтаи мақомоти кишвари ҳамсоя, тор сози миллии бегонаҳост ва набояд дар мусиқиҳои миллии узбакӣ бошад.
Дар шаҳри Амстердами Ҳолланд дар як ҳамоиш бо номи “Шаби адабии Самарқанд” се китоб, аз ҷумла “Хотироти модаре аз Самарқанд”-и Донагул Назарова рӯнамоӣ шуд.
Тоҷикистонро дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Daf BAMA Music Awards 2016” 4 овозхон – Шабнами Сурайё, Ҷонибеки Мурод, Валиҷони Азиз ва Меҳрнигори Рустам – муаррифӣ мекунанд. Ин маросим рӯзи 27 август дар Ҳамбурги Олмон доир мешавад.
Искандар Аҳмадов, як ҷавони 18-солаи тоҷик бо таъсиси як саҳифаи латифаву зарофат бо забони тоҷикӣ мехоҳад, мардумро аз фикри мушкилоти зиндагӣ каме дуртар бурда, бо ханда эҳсоси хушбинии мардумро ба оянда зиёдтар кунад.
Паринамо Шаҳбозова, як сокини 18-солаи ноҳияи Ишкошим 5 сол мешавад ҳунари худро дар дӯхтани тоқиҳои вахонӣ месанҷад.
Обид Асомов - ҳаҷвнигори шинохтаи Узбакистон барои иҷрои як барномаи ҳунарӣ ба Тоҷикистон меояд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон се маъмури пулиси Фархорро барои латту кӯби як боздоштшуда дастгир кардаанд. Муовини сардори Раёсати умури дохилии Хатлон гуфт, ки парвандаи онҳо аз рӯи моддаи "баромадан аз ваколатҳои хизматӣ" баррасӣ хоҳад шуд.
Ёфтҳои бештар