Беҳрӯз Зеваров, мудири ширкати “Топ-Медиа” ва муҳаққиқи шоу-бизнеси тоҷик, ки то кунун барои рӯи саҳнаи ҳунар омадан ва шӯҳратёр шудани овозхонҳо талош мекард, ҳоло бо таронаи нахустинаш “Оиша” (Аиша) худ вориди ин саҳна мешавад.
Филми "12 соли интизорӣ", ки намоиши нахустинаш дар Душанбе шоми 12 июл баргузор шуд, никоҳҳои барвақтӣ дар Тоҷикистонро ба боди танқид кашидааст.
Устоди “Шашмақом” ва ҳунарпешаи маъруфи театр Борис Наматиев дар рушди фарҳанги Тоҷикистон нақши сазоворе дорад. Яке аз шоҳкорҳои ӯ таронаи “Зулфи парешон” аст. Дар ин видео яке аз охирин ҳунарнамоиҳои ӯ бо ин тарона дар маҳфиле дар Байтулмуқаддас(Йерусалим) сабт шудааст.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров дар ҳоле аз 80-солагии худ таҷлил мекунад, ки ба ҷуз аз як саҳна қариб чизе надорад. Ҳамин саҳна ҳам барои гузоштани намоишномаҳои калонҳаҷм ва касбӣ мувофиқ набудааст.
Сӯҳроб Қурбонов, рассоми саршиноси тоҷик пас аз маргаш ба нишони ифтихорӣ, ки “Барои саҳми вижа дар ҳамкориҳои байналмилалӣ" ном дорад, ноил шуд.
Ховаршиноси тоҷик Қурбоналӣ Идрисов дар нашриёти “Садро”-и шаҳри Маскав ду асари мутафаккир ва фақеҳи маъруфи асри 12 Наҷмиддин Ан-Насафӣ – “Ал-Ақоид-ан-Насафия” ва “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат”-ро дар як китоб нашр кардааст.
Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ба сабаби даргузашти Аббос Киёрустамӣ, коргардони номдори синамои ҷаҳон, ба синамогарони Эрон ва ба хонаводаи эшон изҳори таслият кард.
Ҷасади Субҳони Саид, овозхони маъруфи тоҷик ва раҳбари пешини дастаи "Гулшан", рӯзи 5 июл дар оромгоҳи ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд. Вай дишаб дар синни 56 даргузашт.
Шабакаи аввали телевизиони Русия дар торнамои интернетиаш ба намоиши сериали наве бо номи “Салам, Москва” шурӯъ кардааст. Қаҳрамонҳои ин сериал муҳоҷиронанд, ки чархи тақдир ҳамаи онҳоро ба Маскав андохтааст.
Баҳманёр, нависандаи тавонои тоҷик ва муовини сардабири маҷаллаи "Садои Шарқ", дар сари қаҳр романи "Ғӯтях" ("Айсберг")-ашро, ки ҳанӯз дар шакли китоб чоп нашуда буд, ба партовгоҳ андохта, то ҳоло натавонистааст дубора барқарор кунад.
Як суруди Нигина Амонқулова дар сархатти даҳгонаи таронаҳои беҳтарин дар радиои “Восток FM”-и Русия қарор гирифтааст. Натиҷаҳои раддабандӣ ҳар ҳафта дар барномаи “Садои Шарқ”-и радио садо медиҳад.
Бо гузашти 8 аср аз замони зиндагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ дигарбора ин савол доғ мешавад, ки муаллифи “Маснавии маънавӣ” аз куҷост ва меросаш моли кадом кишвар аст?
Ёфтҳои бештар