Заур Дахте, аккос ва филмбардори шинохта, ки ҳанӯз дар чордаҳсолагӣ аз Эрон ба Тоҷикистон омада, дар инҷо сукунат ихтиёр кардааст, ба синни 80 расид. Ӯ аз намояндагони тӯдаиҳои Эрон аст, ки маҷбур шуда буд, дар айёми наврасӣ зодгоҳашро тарк карда, аввал дар Туркманистон ва, сипас, дар Тоҷикистони он замон Шӯравӣ ба воя расад.