Мақомоти Эрон аз боздошти "омилон" ва "саркардаҳо"-и маросими бузургдошти Рӯзи Куруш хабар доданд. Дар Эрон ба таври ғайрирасмӣ рӯзи 7 моҳи обони солшумории ҳиҷрӣ-шамсӣ, ки имсол ба 28 октябр баробар омад, "Рӯзи Куруш" номгузорӣ шудааст ва гурӯҳе аз мардум дар ин рӯз дар атрофи оромгоҳи ин шоҳи пешини Эронзамин таҷаммӯъ карданд.
Панҷ намояндаи Тоҷикистон барои иштирок дар ҷашнвораи "Шашмақом" дар шаҳри Ню-Йорки Амрико даъват шудаанд. Фурқати Саид – раҳбари ансамбли “Шашмақом”-и Тоҷикистон – гуфт, ин ҷашнвора ба хотири садсолагии Нериё Аминов рӯзҳои 12 ва 13 ноябри имсол баргузор мегардад.
Муҳиддин Музаффар, филмсоз ва коргардони ҷавони тоҷик, ки ахиран дар Лондон барандаи ду ҷоизаи ифтихорӣ шуд, умедвор аст, ки рӯзе дар Тоҷикистон филмсозон ва ба саҳнагузорандагони намоишномаҳо рӯи кор биёянд, ки бо осори худ мардумро такон бидиҳанд.
Дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон, намоишгоҳе бо номи “Ҳунари Қуръон” идома дорад, ки дар он дастхатҳои қадимаи китоби муқаддас барои мусулмонон ва ҳам китобҳо дар бораи Қуръон ба намоиш гузошта шудааст.
Гурӯҳи ҳунарии латвиягии “Барака”, ки бо бозхонии суруду таронаҳои тоҷикӣ маъруф аст, ахиран албоми мусиқиеро нашр кард, ки ба хотираи Аҳмад Зоҳир овозхони пурҳаводори афғон бахшида шудааст. Ин дастаи ҳунарӣ таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бо усули рэп ахиран бозсароӣ кардааст.
Аюб Одинаев аз камтарин маълулони тоҷик аст, ки дар рӯи аробачаи маъюбӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, маъюбӣ хосту парвозҳои дили ӯро маҳдуд намекунад.
Шуморе аз донишмандони тоҷик пешниҳод доранд, ки "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" ҳамчун фаннӣ алоҳида таълим дода шавад. Аммо гурӯҳе ҳам мегӯянд, ки он дар доираи дарсҳои таърих таълим дода мешавад ва ба барномаи таълимӣ ворид кардани он ҳамчун як фаннӣ алоҳида, ниёз нест.
Ҷашнвораи имсолаи "Дидор" дар Тоҷикистон бо филми "Братан" (Бародар)-и коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худоназаров оғоз шуд. Сафар Ҳақдодов – раҳбари Анҷумани синомагарон – гуфт, "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ" ва "Дар интизори баҳр"-ро низ намоиш хоҳанд дод.
Баъди 16 соли қатли шоир ва рӯзноманигори тоҷик Искандари Хатлонӣ, зодрӯзаш дар хонаи волидонаш хоксорона бо ҷамъи хонавода таҷлил шуд. Хонаводаи Искандари Хатлонӣ мегӯяд, агар умр вафо мекард, имрӯз ӯ ба синни 63 қадам мегузошт.
Ҷӯрабек Муродов – ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ – мегӯяд, ки дар Узбакистон ба беҳтар шудани равобит бо Тоҷикистон хушбинанд. Муродов охири моҳи сентябр бо даъвати хонаводаи Шералӣ Ҷӯраев – овозхони шинохтаи Узбакистон – ба ин кишвари ҳамсоя рафта буд.
Ширкати "Чакан" ба зудӣ дар бинои собиқи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷой хоҳад гирифт. Моҳе қабл шаҳрдории Кӯлоб бинои ширкати “Чакан”-ро дар дохили Боғи фарҳангу фароғати ин шаҳр тахриб кард ва ҳоло дар ҷойи он Нишони давлатӣ сохта шудааст.
Муҳаммад Холов, маъруф ба "Мадоннаи тоҷик"-ро ин шабу рӯз чанде аз фаъолони Фейсбук барои аксбардории тоблуҳои таблиғотӣ омода мекунанд. Ин марди раққос ва ҳаҷвнигор баъди 11 соли беморӣ рӯзи 22 октябр ба саҳнаи ҳунар бархоҳад гашт.
Ёфтҳои бештар