Оҳангсози маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор, ки 22 сол пеш кишварро тарк карда буд ва ҳоло дар Берлин - пойтахти Олмон, зиндагӣ дорад, имсол ба синни 75 мерасад. Фирӯз Баҳор гуфт, замоне, ки Душанберо ба хотири Берлин тарк мекард, мусаввара ва тӯҳфаҳои дӯстонро бо худ овард ва ин ашё дару девори хонаашро зеб медиҳанд.