Севинч Мӯъминова, овозони маъруфи узбакистонӣ, гуфт, ки ба ояндаи хуби равобити Тошканду Душанбе умедвор аст. Ӯ рӯзи 11 май дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Қӯрғонтеппа – маркази маъмурии вилояти Хатлон – дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта низ риштаи ин иртибот ҳеҷ гоҳ канда набуд ва худи ӯ барои севумин бор ба Тоҷикистон меояд.