Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи тӯлонии 25-солаи фарҳангиёни узбак ба Тоҷикистон.ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон аз беҳбуди равобит миёни ду кишвар истиқбол карда ва мегӯянд, ки тайи чанд моҳи гузашта ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф рӯ ба густариш аст. Имрӯз, 10 май дар шаҳри Душанбе "Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон", оғоз ёфт.

Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов, муовини аввали вазири фарҳанги Узбакистон рӯзи 10 май дар нишасти хабарии муштарак дар Душанбе, ба амалкардҳо дар ин росто, аз ҷумла азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе ва баргузории Намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе, ишора кард. Ба гуфтаи вай, танҳо дар ин намоишгоҳ 160 ширкати бузурги Узбакистон 1500 навъи маҳсулотро муаррифӣ карданд ва дар доираи ин намоишгоҳ, миёни ширкатҳои хусусии ду кишвар ба маблағи 50 миллион доллар қарордодҳои ҳамкорӣ имзо шуд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки таҳаввулот дар равобит миёни ду кишвар роҳро барои сафарҳои ҳунарии ҳунарпешаҳои Узбакистон боз кард ва дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, гурӯҳи овозхонҳо таҳти раҳбари Мардон Мавлонов, сарояндаи саршиноси Узбакистон, ширкат карданд. Дар назар аст сарояндаи маъруфи эстрадаи узбак Юлдуз Усмонова дар авохири моҳи ҷорӣ бо барномаи бузурги консертии "Бозгашти дӯст", ба Тоҷикистон меояд. Ин сароянда давоми ҳашт соли ахир ба Тоҷикистон наомада буд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки бар асоси тавофуқ миёни вазоратҳои фарҳанги ду кишвар, дар назар аст дар моҳҳои март ё апрели соли оянда дар шаҳри Тошканд "Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон" баргузор шавад.

Шамсиддин Орумбекзода ва Мирҳоҷиддин Ҳоҷиматов дар ин нишасти хабарӣ нақши ин тадбири феълии Узбакистон дар Тоҷикистонро муҳим хонда ва гуфтанд, ки ин чорабинии фарҳангӣ мисли пули иртиботиест, ки роҳро на танҳо барои тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, балки рушди бахшҳои дигар, аз ҷумла ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ боз хоҳад кард.

Муовини аввали вазири фарҳанги Узбакистон дар ин робита гуфт, ки Рӯзҳои фарҳангии кишвараш дар Тоҷикистон иқдоми нахустин буда ва дар он шумораи маҳдуди ҳунармандон ширкат мекунанд. Ба ҳайати ҳунармандони Узбакистон, ки барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги он кишвар ба Тоҷикистон омадаанд, сарояндаҳои саршиносе чун Ғуломҷон Ёқубов ва Севинч Мӯъминова, ки дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд доранд, ва ансамбли давлатии тарона ва рақси "Узбакистон", шомил мебошанд.

Мардон Мавлон дар Наврӯзи Тоҷикистон. Соли 2017.
Мардон Мавлон дар Наврӯзи Тоҷикистон. Соли 2017.

Муовини аввали вазири фарҳанги Узбакистон дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди адами ширкати шоирону нависандагони узбак дар ҳамоиши фарҳангӣ гуфт, ки "баргузор кардани Рӯзҳои фарҳангӣ фурсат ва харҷи зиёд мехоҳад. Мо барои омодагӣ фурсате хеле кам доштем. Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон" ҳамагӣ се рӯз идома хоҳад кард. Мо бо масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба созиш расидем, ки соли ҷорӣ Даҳаи адабиёт ва санъати Узбакистон дар Тоҷикистонро баргузор кунем."

Вазири фарҳанги Тоҷикистон низ ба навбаи худ гуфт, ки бар асоси тавофуқ миёни вазоратҳои фарҳанги ду кишвар, дар назар аст дар моҳҳои март ё апрели соли оянда дар шаҳри Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон" баргузор шавад.

​Шамсиддин Орумбекзода афзуд, ки миёни Тоҷикистону Узбакистон барои солҳои зиёд ҳамкории фарҳангӣ ва ҳунарӣ тақрибан вуҷуд надошт ва ҳанӯз дар соли 1998 қарордоди ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон ба имзо расида буд, вале тайи ин солҳо амал намекард.

Севинч Муъминова, сарояндаи узбак.
Севинч Муъминова, сарояндаи узбак.

Танҳо ба гуфтаи ӯ, дар ҳамон сол дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бо ширкати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд. Вале дар сатҳи расмӣ, ҳамкориҳои фарҳангиву ҳунарӣ сурат нагирифтааст. Ҳамзамон вай таъкид кард, ки сафарҳои ҳунарии ситораҳои эстрадаи Тоҷикистону Узбакистон ба таври ғайрирасмӣ анҷом шуда, аммо шумораи ин гуна сафарҳои ҳунарӣ маҳдуд буданд.

Тибқи барномаи Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон имрӯз соати 14-и вақти маҳаллӣ дар толори “Кохи Наврӯз”-и пойтахт филми ҳунарии “Ота” (“Падар”) ва дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Намоиши саънати тасвирӣ ва аккосии “Узбакистони муосир” баргузор мешавад. Шоми имрӯз дар ин театр расми ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон доир мегардад.

Роҳи тӯлонии 25-солаи фарҳангиёни узбак ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Рӯзи оянда аъзои ҳайати ҳунарпешаҳои Узбакистон ба шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон сафар карда ва дар ҳузури тамошобинони ин шаҳр барномаҳои консертӣ барпо хоҳанд кард. Рӯзи 12 май дар толори “Кохи Наврӯз” филми ҳунарии “Ойқиз эртаги” (“Афсонаи моҳлиқо”) ба намоиш гузошта шуда ва шоми он рӯз дар Театри давлатии опера ва балет маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG