Мансур Ҷаъфарӣ, овозхони машҳури эронии муқими Амрико, ки ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбати вижа кард. Вай гуфт, 30 сол боз берун аз Эрон аст ва солҳои ахир ба эҷоди таронаҳои сиёсӣ рӯ овардааст. Ҳамчунин ҷавоб дод, ки чаро дер-дер ба Тоҷикистон меояд.
Рӯзҳои 7 ва 8-уми август дар Хуҷанд консерти сарояндаи шинохта Афзалшоҳи Шодӣ баргузор гашт. Барномаи ӯ бо сабаби беморӣ ва ҷарроҳияш дар Олмон ба таъхир афтод. Ва ҳам навори сипосгузории ӯ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳсеро ба бор овард.
Дар канораи шаҳри Панҷакент ҳафриёти Қасри Деваштич, афшин ва ё ҳокими Суғд шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи таърихнигорон, Деваштич аз охирин ҳокимони Суғд дар соли 722 мелодӣ бар зидди нерӯҳои араб бархост, вале дар ниҳоят сарашро аз тан ҷудо карданд ва ба халифаи араб ба Бағдод фиристоданд.
Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯянд, тарҳи тарҷумаи рутба ва истилоҳоти ҳарбӣ мисли “Генерали артиш -- Артишсолор”, “полковник -- сарҳанг” ва “подполковник -- сарҳангёр” ба Шӯрои амнияти миллӣ ва вазорати дифоъ пешниҳод шуд.
Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик баъд аз сукут дар бораи ҳаёҳу дар атрофи номаш бо як баёнияе аз мухлисонаш хостааст, дигар масъалаи ҷоиза додан ба ӯро дар миён нагузоранд.
Пас аз 15 соли фаъолият Хадамоти Табодули Академикии Олмон (DAAD) дафтараш дар Душанберо бастааст. Маркази иттилооти DAAD, ки то кунун ба таҳсили садҳо донишҷӯ ва унвонҷӯи тоҷик дар Олмон мусоидат кардааст, эълон кард, ки маркази мазкур аз рӯзи 30-уми июн фаъолияташро дар Тоҷикистон қатъ кардааст.
"Инсонҳо набояд кӯҳнапараст бошанд ва пешравӣ дар зиндагӣ ҳамеша аз қоллабшиканиҳо пайдо мешавад". Ин нуктаро Зокир Собиров, рассоми шинохтаи тоҷик, муаллифи ду равияи наққошӣ -"Нурворизм" ва "Танворизм"дар намоишгоҳи осори ҳунарии худ, ки бегоҳии 1-уми июл дар шаҳри Душнбе оғоз ёфт, иброз намуд.
Сокинони як деҳаи ҷамоати Язғулом дар ноҳияи дурдасти Ванҷ санги азими ғайриоддиро пайдо кардаанд ва аз бостоншиносон мехоҳанд, онро биёмӯзанд ва асрорашро ошкор кунанд.
Юлдуз Усмонова, ҳунарманди мардумии Узбекистон, баъзе аз овозхонҳоеро, ки ба ситоиши Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури пешин Ислом Каримов, пардохта, ба озодии ӯ даъват кардаанд, зери бори танқид гирифт.
Дар шаҳри Панҷакент телевизиони мустақили "Ориённур" таъсис ёфт ва барномаҳои нахустинаш рӯзи 27-уми июн пахш мешавад.
Сокинони яке аз деҳоти ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳангоми кандани хандақ се хуми бузурги боқимонда аз аҳди бостонро пайдо кардаанд.
Аҳмад Зоҳир одат кардааст, ки мардум дар хиёбонҳои Душанбе бо ӯ акс мегиранд ва аз монандиаш ба "алмоси Шарқ" мегӯянд.
Ёфтҳои бештар