Дар ҳоле, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳадафи тамдиди соли хонишро тадриси комили барномаҳои таълимӣ ба муҳассилин меномад, дар бархе аз макотиб ба сабаби анҷоми барномаҳои таълимӣ, хонандагон дарсҳои такрорӣ мехонанд. Дар баъзе дигар хонандагон ба мактаб намераванд.
Имрӯз ҳазорону ҳазорон боз девони шеъри Лоиқро мекушоянд. Аммо, ангор, дафтари шеъри ӯ ҳамеша, чи айёми буданаш ва чи баъди рафтани андӯҳбораш, дасти ба даст будааст. Наслҳое бо ин шеър ба воя расиданд ва наслҳое ба воя мерасанд.
Шоир ва андешманди шаҳири тоҷик Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон таваллуд шуда,18-уми майи соли 2018, ду рӯз пеш аз зодрӯз ва 86-солагияш дар Душанбе даргузашт. Ва мероси бузурге ба пасовандон гузошт.
Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони шинохта ва мудири Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дар яке аз бемористонҳои Олмон ҷарроҳӣ шудааст ва, ба гуфтаи худи ӯ, як моҳ боз табобат мегирад.
Озар Салим, шоири тоҷик мегӯяд, ҷоизаи “Килки Заррин”, ки дар ғайбаш ба ӯ доданд, ҳанӯз аз Афғонистон наомадааст ва ба дасташ нарасидааст.
Гаронии нашри китоб ва набуди маблағ бархе адибони тоҷикро водор ба он кардааст, ки аз манфиатҳои Интернет дар муаррифии осори худ истифода кунанд. Вале ин на ба ҳама даст медиҳад.
Замоне рақсҳои мардона, аз ҷумла, рақсҳои паҳлавонӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии тоҷикон буд. Аммо ҳоло соҳибназарон мегӯянд, ин навъи ҳунар ба тадриҷ аз байн меравад. Нигоҳе ба мавзӯъ дар Рӯзи ҷаҳонии рақс -- 29 апрел.
Break-dance (брейкданс) барои Фирдавс Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе, танҳо ҳоббӣ ё шуғли дӯстдошта нест. Ӯ мехоҳад, аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон нишони қаҳрамонӣ орад.
Азизбек Зиёеви 73-сола, сокини рустои Лучоб, дар наздикии Душанбе аз хурдӣ ба ғурӯғлихонӣ машғул буда, дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Парижу Женева ва кишварҳои ҳамсоя ширкат кардааст.
Дар Душанбе китоби шоираи афғон Ноҷияи Карим "Рангинсипеҳр" рӯнамоӣ шуд, ки бо хатти сириллик аз чоп даромад ва "садои як зан дар баробари хушунату зуроварӣ дар як кишвари ҷангзада" унвон ёфт.
Бархӯрди номуносиби дарбориҳо бо шоирони тавоно ва дур аз ҳалқаи ҳукмрон. Ин маҳаки асосии намоишномаи "Фирдавсӣ" аст, ки баъди тақрибан ду ҳафтаи намоиши нахуст дар Душанбе ҷоизаи асосии ҷашнвораи имсолаи "Парасту"-ро соҳиб гардид.
Амир Ҳусейн Пироиш, рассоми 60-солаи эронӣ мегӯяд, аксари ҳамкоронӣ тоҷикаш дар Тоҷикистон аз табиати зебои ин кишвар бехабар буда, маконҳои нотакрор ва аз назари мардум дурмондаро наққошӣ накардаанд.
Ёфтҳои бештар