Баъд аз касби истиқлол дар Тоҷикистон номгӯи китобҳои нашршуда тақрибан ду баробар бештар шуда, аммо теъдоди нашри онҳо то сад маротиба коҳиш ёфтааст.
Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, соҳиби Green Card (гринкорт)-и Амрико шудааст ва ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "як умр дар он сӯи Уқёнус монданӣ нест" ва дубора ба кишвар бармегардад.
Муҳаққиқони тоҷик беш аз 30 шеъри устод Садриддин Айниро аз бойгонии ин адиби тоҷик ошкор кардаанд, ки то ҳол нашр нашудаанд.
Имсол аз таъсиси гурӯҳи овозадори эстрадии “Гулшан” 55 сол сипарӣ мешавад. Дастаи овозхонони ҷавони ин гурӯҳ талош доранд, шӯҳрати қаблии ин гурӯҳро баргардонанд. Радиои Озодӣ бо Бахтиёр Иброҳимов, роҳбари нави дастаи “Гулшан” суҳбат кард.
Ҳабиб Саид, адиб, блогнавис ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳифзи мусиқии нодири тоҷикӣ дар Интернет саҳифае боз кардааст, ки дар он даҳҳо таронаю мусиқӣ, гуфтору наворҳои нодире аз замони шӯравии собиқро метавонед пайдо кунед.
Раиси театри мазҳакавии “Ханда-ханда” дар Исроил Хай Давидов дар бораи ҷойгоҳи забони тоҷикӣ, таъсиси театр ва намоишномаҳои ҳунарии худ нақл кард.
Бо қарори Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон имсол оҳангсоз ва мусиқишинос Ҷӯрахон Обидпур барандаи Ҷоизаи ба номи Борбад эълон шуд. Профессор Обидпур муаллифи даҳҳо асари мусиқӣ ва ҳам тартибдиҳандаи яке аз комилтарин луғатномаҳои мусиқист.
Ёфтҳои бештар