Ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, аз вайрон кардан ва ё ба ҷойи дигар кӯчондани хона-музейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон, даст кашад. Мақомот рӯзи 19-уми ноябр гуфтанд, ин бино дар ҷойи худ мемонад, вале гирду атрофашро зебо мекунанд.